Аъзои ҲХДТ будан ифтихору шараф аст

2022-12-02

Дар тӯли фаъолияти босамар ва муваффақона Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист барои беҳбудии ҳаёти занон шароити мусоид фароҳам оварад.

Аз рузҳои аввали фаъолият то ба имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми беандоза дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки онҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд низ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" гуфтаҳои болоро исбот менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хусус мақом ва ҳуқуқи зан дар ҷомеа ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

То имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз уҳдаи ҳамаи он мақсадҳои пешгузоштаи хеш бо сарбаландӣ баромадааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи барномаҳои худро бо назардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кардааст ва дар оянда низ ҳамқадами ҷомеаи муосир ба суи ояндаи дурахшони худ харакат мекунад.

Мамадбекова Бунавша,

мутахассиси махзани электронии

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон