Вохӯрии занону бонувон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”
2022-12-02
Тибқи
нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар Кумитаи
иҷроияи ибтидоии “Дониш” бо иштироки гурӯҳи кории Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, бонувону донишҷӯдухтарон ва омӯзгорони
донишгоҳи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар
вохӯрӣ Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Душанбе Зуҳурова Заррина, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи
ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Турсунова Маъмура, Раиси Шӯрои собиқадорони КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Қурбонова Ширин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи
Шоҳмансур Юсуфзода Файзигул иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ масъулин
оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон, маърифати оиладорӣ,
пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, зуроварӣ дар оила, тарбияи худогоҳию ватанпарастии
ҷавонон, татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму
тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон,
зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию
ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила
ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи
суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид. Ин ҳама
дастгириҳо нисбати занону модарон мо ҳизбиёнро водор месозад, ки дар марҳилаи
кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта,
содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлат саҳми худро гузорем.