Нақши мондагори Пешвои миллат дар эҳё ва рушди фарҳангу тамаддуни миллӣ

2022-12-02

Бо иштироки кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд хониши сиёсӣ таҳти унвони “Нақши мондагори Пешвои миллат дар эҳё ва рушди фарҳангу тамаддуни миллӣ” баргузор гардид.

Дарси навбатии хониши сиёсӣ бо иштироки сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов Абдуҳаким Шарипович доир гардид.

Дар оғоз Сармуҳаррири рӯзномаи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб аҳли нишастро шодбош гуфта, зимни суханронии хеш қайд намуд, ки таърихи ҳар халқу миллат бо фарзандони сарсупурдаи он қадр карда мешавад. Хушбахтона баъди асрҳои бедавлатӣ офтоби бахт ба рӯи ин мардуми дар тӯли таърих азияткашида хандида, истиқлолияти сиёсиро ба даст оварданд. Истиқлолияти воқеии кишвар барои халқи тоҷик фарзанди фарзонаеро тӯҳфа намуд, ки ӯ ба захми миллат дору гардида, онро аз нав эҳё намуд.

Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ба арсаи ҳокимият омадан такягоҳ ва ояндаи миллату давлатро дар ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон дида буданд. Насиҳатҳои падаронаи Ҷаноби Олӣ саршор аз ифтихори ватану ватандорӣ буда, ба пос доштани таъриху фарҳанги бойи миллат равона гардидааст. Пас хулоса бояд кард, ки ба ин насиҳатҳои падарона бояд бо чашму маърифати аҷдодӣ назар андозем ва он вақт пай бурда метавонем, ки мо ки ҳастем ва ба куҷо равонем. Имрӯз мардуми сарбаланди кишвар аз он ифтихорманданд, ки дар сари давлаташон вориси Исмоили Сомонӣ- фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон истодааст ва ба ояндаи дурахшони ин кишвари дар тӯли таърих азобдида бо чашми умед менигаранд.

Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов Абдуҳаким Шарипович перомуни нақши мондагори Пешвои миллат дар эҳё ва рушди фарҳангу тамаддуни миллӣ сухан ронда, ҳамзамон иброз дошт, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Сарвари давлат ҳамчунин як нафари асосии наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигаранд.

Ҳамзамон, котиби масъули рӯзномаи “Сухани халқ” Моҳира Раҳимзода фикру ақидаҳои худро бобати нақши мондагори Пешвои миллат дар эҳё ва рушди фарҳангу тамаддуни миллӣ баён намуда афзуд, ки Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон аз чунин шахсиятҳои таърихии башарият аст, ки маҳз бо азму иродаи қавӣ, матонат, ҷасорат, устуворӣ, хидмати хастанопазир ба миллати хеш дар арсаи сиёсати бузург то ба шахсияте расидааст, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва тинҷию рифоҳи беш аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи ў сахт марбут аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он шуд, ки миллати тоҷик дорои Пешвое мебошад, ки на танҳо дар муттаҳид намудани миллати худ, балки барои таъмини амнияти минтақа низ нақши калидӣ бозиданд. Дар воқеъ, фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваи худро дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ ва боз намудани роҳ ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз сафарбар намуда, сатҳи баланди эътироф ва эҳтироми милливу ҷаҳониро сазовор гардидааст.

Маврид ба қайд аст, ки дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳафтае як маротиба хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои гуногун баргузор мегардад ва дар он олимону устодони соҳибкасб маърӯза менамоянд.