ҲХДТ –ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
2022-12-02
28 сол муқаддам Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, тавре раиси ҳизбамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон қайд намудаанд,- «Чун ҳизбе ба майдони сиёсат омад, ки ба ҷомеаи феълии
Тоҷикистон такя дошт ва эълон кард, ки ҷонибдори давлати соҳибихтиёр,
демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва адолатпарвари иҷтимоист».
28 сол дар назди
таърих муддати тулонӣ нест. Вале, роҳи тайнамудаи ҳизби мо таи ин муддат
тулониву пурпечутоб, пурифтихор ва ибратомӯз аст.
Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ба имрӯз ҳамеша манфиатҳои халқу
миллатро ҳифзу ҳимоя менамояд, омодаи хизмат ба халқу ватан аст. Мо аз он
ифтихор дорем, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ ҳизби мо роҳи адолату ҳақиқатро
пеш гирифта, ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ даъвои худхоҳиро нисбати хеш раво надида,
дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома ва Барномаи ҳизб бо риояи дигар асноду қонунҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.
Баробари ин, Ҳизби
Халқи Демократии Тоҷикистон ҳадафи барномавии худ бунёди давлати соҳибихтиёр,
демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро қарор дода, баҳри амалӣ намудани ин
ҳадафҳои олӣ фаъолияти густурдаеро пеш мебарад, ҷонибдори озодандешӣ, озодии
сухану матбуот ва бисёрҳизбӣаст. Инсон ва қадру манзалати онро аз ҳама боло
медонад.
Ин орзуву ормонҳои
наҷиб, ки пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизи мо аз онҳо вобастагии зиёд дорад,
аз ҷониби табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳам зиёиёни пешқадаму ҳам барзгарони
диловар, ҳам кишоварзону ҳам сохтмончиён ҳамраъйӣ ва ҳамовозии амиқ пайдо намудааст.
Ин аст, ки дар сафҳои
ҳизби мо намояндагони касбу кори гуногун шомил буда, баҳри ободии Ватан
сарбаландона меҳнат менамоянд, дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз саҳм
мегузоранд.
Солҳои аввали
таъсисёбии ҲХДТ ман корманди шӯъбаи маорифи ноҳияи Файзобод будам. Ёдам ҳаст,
ки зимистон буд. Собиқ раиси ноҳия, (марҳум)
Тағоев Саидмурод моро назди худ хонда,
оид ба вазъияти сиёсии кишвар ва мавқеу мароми ҲХДТ ва
љаҳду талоши Сарвари кишвар бобати барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар сухан
кушода, дастур доданд, ки ба мактабу дигар корхонаву коргоҳҳо равем, маҷлисҳои
сайёри ҳизбӣ гузаронем ва беҳтарин омӯзгорон, шахсиятҳои сазовору содиқро ба
сафи ҲХДТ қабул намоем.
Мо бо амри дилу аз рӯи
виҷдон пайи иҷрои супоришҳо гаштем. Ба деҳаҳои дурдаст, ба муассисаҳои
таълимиву тиббиву табобатӣ ва хољагиву љамоатҳо мерафтем, бо зиёиёну кормандони
касбу кори гуногун вохуриву суҳбатҳо анҷом медодем, ба онҳо веқеиятро
мефаҳмонидем. Зиёиёни ноҳия ҳеҷ вақт аз ҳаёти сиёсии кишвар дар канор набуданд.
Бо Оиннома ва Барномаи ҲХДТ қишрҳои гуногуни аҳолиро ошно менамудем. Аксар вақт
омӯзгорон моро раҳнамоӣ менамуданд, кӯмаку тарафдорӣ мекарданд.
Бо дуруст ба роҳ
мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар андак вақт аз ҳисоби омӯзгорони
варзида, шахсиятҳои бонуфуз сафи ҲХДТ пурра шудан гирифт. Мардум, ки ба Раиси
ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоду
боварии зиёд доранд, дар пешбурди корҳои ҳизбӣ ба мо кӯмак менамуд. Дар симои
ҲХДТ мардум яке аз қувваҳои солиму созанда ва бунёдкорро диданд. Бахусус, дар
кори пуршарафи таблиғотӣ ғояҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо мо
омӯзгорон, бо ибораи Пешвои маҳбуби миллатамон «Ҷавҳарҳои ақлонии миллат»,
«Хазинаи тиллои миллат» кӯмаки беандоза менамуданд.
Тавассути ҷаҳду
талошҳои Сарвари ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистони азиз дар
арсаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз боло меравад. Тули қариб 3 даҳсолаи охир дар
саросари кишварамон дигаргуниҳои куллӣ, ободкориву созандагиӽо ва пешравиҳои
назаррас ба даст омаданд. Истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ба даст
оварда шуд. Тоҷикистони азиз аз бунбасти коммуникатсионӣ раӽо ёфт. Ҳазорӽо
коргоӽу заводу фабрикаӽо, нақбу пулӽо, иншооти дигари иҷтимоиву хизматрасонӣ
сохта ба истифода супурда шуданд, ки саросар аз файзи дастону дили поки
Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумӽурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аст. Вақт нишон дод, ки Сарвари давлати Тоҷикистонро қавлу амал як аст.
Ҷаӽон дар симои Пешвои муаззами миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раӽмон тоҷик ва Тоҷикистонро шинохт,
ба садояш гӯш андохт ва садои меӽру некхоӽиву озодандешиву адолатҷӯи ва ваӽдату
якдилиро шунид.
Пешниҳоду таклифҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш ва гарму самимӣ
истиқбол мешавад.
Қобили зикри хос аст,
ки Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар 18.03.2020 аз
љумла қайд намуданд: “Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии
босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин
раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои
иқтисоди миллӣ густариш дода,
тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои
пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз
бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ,
дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури
техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».
Вобаста ба пешниӽоди
болозикри Сарвари кишварамон Қарори
Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниӽо барои солӽои 2020-2025 ҷиӽати
татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмӽои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани
соӽои 2020-2040” қабул гардид, ки тибқи он дар марӽалаи аввал таӽия ва татбиқи
Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмӽои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соӽаи илму
маориф барои давраи то соли 2030 ва Барномаи таъмин намудани муассисаӽои
таълимӣ бо кабинетӽои фаннӣ ва озмоишгоӽӽои муҷаӽӽази таълимӣ барои солӽои
2021-2025 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамаи ин аз ҳар яки мо
аъзои ҲХДТ садоқату поквиҷдониро нисбати ҳизбамон, касбамон, ватанамон тақозо
менамояд. Шиори ҳар як аъзои ҳизб дар марҳилаи кунунии рушди босуботи ҷомеа бояд, “дар саноатикунонии босуръати
кишвар бо меҳнати ҳалолу поквиљдонона саҳми сазовор мегузорем” бошад.
Ҳар як аъзои ҲХДТ-ро
зарур аст, ки бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона садоқати худро ба Ватан – Модар, ба
фарзанди фарзонаву ҷонфидои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба
муқаддасоти ватан собит намояд.
Фаромӯш набояд кард,
ки масъулияти ҳизбӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии ҳар яки мо аз он иборат
аст, ки Тоҷикистони зебову озоду дилрабову мутараққиро ба наслҳои оянда ба
мерос гузорем. ҲХДТ ҳизби ормонҳои
миллист.
Наҷмиддиниён Файзулло
Раҷаб,
вакили Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумӽурии
Тоҷикистон, аъзои фраксияи ҲХДТ