Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

2022-12-01

30 ноябри соли 2022 таҳти сарварии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис аъзои КИМ ва Раёсати он, Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ, ки аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ нестанд, иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз панҷ масъала иборат буд.

Вобаста ба масъалаҳои татбиқи қарорҳои Маҷлиси КИМ ҲХДТ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузориши муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А. Қ., ҳисоботи раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Обидов, гузориши муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ оид ба бурду бохти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва ҷамъбасти маъракаи обуна ба нашрияи «Минбари халқ» ва гузориши мудири шуъбаи молия ва хоҷагидории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Файзизода М. оид ба фаъолияти комиссияи марказии тафтишотии ҲХДТ оид ба фаъолияти молиявии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ шунида шуда, ҳамзамон як қатор фармоишҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ тасдиқ гардиданд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои Раёсати КИМ пурра баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор низ қабул гардиданд.

Мутобиқи банди 3.1-и Низомнома “Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ” дар вазъияти тантанавӣ як қатор фаъолон бо Сипосномаи ҲХДТ қадршиносӣ шуданд. Барои тарғибу ташвиқи ғояҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятӣ ва дар сатҳи баланд ташкил намудани маъракаи «Обуна-2023» КИ ҲХДТ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бӯстон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Темурмалик, Рӯшон, Шаҳринав ва Рашт бо сипоснома ва ноутбук сарфароз шуданд.

Бо ҳамин, Маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ ба кори худ хотима бахшид.