ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ

2022-12-01

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имсол солгарди 28-умини таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Ба бахти миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти шахсияти бо ирода ва миллатдӯсту ватанпарвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва ӯ бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи созмон додани ҳизбе афтод, ки тавонад таввасути он миллатро аз буҳрони амиқи идеологию сиёсӣ берун созад. Ҳамин тавр дар айни ҷанги шаҳрванди 10 –уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дар ин замина мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки роҳбари давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд.

Мо низ дар навбати худ дар назди халқу давлат масъулияти бузургро бар душ дорем. Бо назардошти ин месазад, ки корро тавре ба роҳ монем, ки аз кормандони масъули ҳизб саркарда, то аъзои қатори дар ҳамаи самту соҳаҳои фаъолияти худ намунаи аҳли ҷомеа бошем.

Маврид ба зикр аст, ки Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳидояти мардум ба сулҳу дустӣ ва бедор кардани ҳиссӣ боварии ҷомеа ба ояндаи нек дар вазнинтарин лаҳзаҳо ҷони худро дар вартаи хатар гузошта, ба Хусдеҳи Афғонистон рафта буд. Чунин намунаҳо дар фаъолияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёданд.

Ҳамзамон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосзугузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 28 соли фаъолияти худ исбот намуд, ки бо ҳар амали созанда ва таблиғоти ба рушди минбаъдаи давлату кишвар равона гашта метавон роҳҳои ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо кард ва ба ин васила пешравиҳои рузафзуни давлату ҷомеаро таъмин намуд.

Дар шароити имрӯза ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бахусус, масъулинӣ ҳизб сиёсати хирадмандонаю созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро дуруст дарк карда, моҳияти аслии онро ба мардум расонида истодаанд ва мардумро дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъол намуданд. Зеро ҷомеа ба қувваи пешбаранда ва роҳнамосоз ниёз дорад. Бешак метавон гуфт, ки дар шароити имрӯза, ҳамон қувва масъулин ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.

Имрӯз Кумитаи иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии моро зарур аст, ки ҳамаруза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳали онҳо ҳамкории самаронокро ба мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Вахш бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ҷиҳати ташаккули мафкураи миллии мардум тамоми чораҳои заруриро меандешад ва кӯшиш дар он дорад, ки нерӯи мардумро ба корҳои созандагӣ ва рушди деҳот ҷалб намояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ мунтазам чорабиниҳои фарҳангию оммавиро баргузор карда, ба тавсеаи худшиносию ватандӯстии шаҳрвандон ва таблиғи фарҳангӣ миллӣ мусоидат менамояд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оиди дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, кӯмак ба ҷавонони донишҷӯ ва корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор мебошад.

Дар Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир ва дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ идома дошта, барои сокинон ва пешрафту ободии Ватанамон шароити муносиби зиндагӣ ва пешрафту тараққиётро фароҳам сохтааст. Имрӯз саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Вахш ба як майдони созандагию бунёдкорӣ табдил ёфтааст.

Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш соли 1998 тибқи қарори маҷлиси кумитаи иҷроияи ноҳияви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия таъсис дода шуд, ки аввалин Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияви Саидов Асомудин солҳои 1999-2000 Раиси Кумитаи иҷроия буд. Баъдан Нуров Сайвалӣ солҳои 2000-2005. Давлатов Таваралӣ солҳои 2005-2006 ва аз моҳи июни соли 2006 то моҳи июли соли 2022 Маҳмадов Одилҷон ва аз моҳи августи соли 2022 то инҷониб Салимова Сабоҳат, Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба уҳда доштанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар соли 2021 11000 нафар аъзои ХХДТ-ро дар 145 ташкилоти ибтидоии ҳизби мутаҳид гардонида буд то 30-уми ноябри соли 2022 шумораи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия ба 11870 нафар расонида шудааст.

Имрӯзҳо, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба як ҳизби воқеан созанда ва нуфузаш дар миёни аҳли ҷомеа ба як ҳизби пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ҳизби мо дигар ба ташвиқу тарғиб ниёз надорад зеро, ки ҳадафу мақсадаҳояш дар зарфи 28 сол, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу ороми, суботи сиёси, созандагию бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст ноил шудааст.

Мо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вахш талоши худро барои он равона месозем, ки мардумро ҳарҷи бештар ба корҳои ободонию созандагӣ ва амали гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созем, то ин, ки Тоҷикистони мо боз ҳам пешрафта ва миёни ҷомеаи ҷаҳони мақому мартаби баландро соҳиб бошад.

Ҳалима ХУДОЙБЕРДИЕВА,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш