ҲХДТ-ҲИЗБЕ, КИ ҲАМЕША БО ХАЛҚ АСТ

2022-12-01

Андеша: Ҳизбе, ки бо ҳадафҳои олии миллатсозиву давлатсозӣ вориди сиёсат шуду бо нерӯ ва ҳадафу барномаҳои созандаи худ, бо такя ба нерӯи бузурги халқ дар кишвари ҷангзада поидевори сулҳу ваҳдатро гузошт, миллати пароканда ва ноумедро сарҷамъ карда, ба мардум умеди дубораи зиндагии шоиста дод.

Имрӯз ин ҳизби созанда ва бунёдкор солгарди 28-умини таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Санаи 10-уми декабри соли 1994 аз таъсисёбии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон расо 28 сол пур мешавад. Ҳизбе, ки тавонист қишрҳои гуногуни ҷомеъаро, ки дар зиддияти ҳамдигар қарор доштанд, сари як миз ҷамъ биораду миллати зиёда аз ҳазор сол аз давлатдории миллӣ бенасибмондаро давлати миллӣ бисозад.

Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон 10-декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони ҲХДТ ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15-декабри соли 1994 таҳти рақами №199 сабти ном шудааст.

Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани 3 Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба ҲХДТ табдил дода шуд. Санаи 18 апрели соли 1998 Анҷумани 4 ҲХДТ баргузор гардид. Вакилони Анҷумани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси ҳизб Интихоб карданд. Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷуман сухан гуфта таъкид намуд, ки “Таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳад дар кишвари худ ислоҳоти кулӣ гузаронанд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамасафон ва ҳаммаслакони хуро ёбанд”. Инчунин 22 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо шуд. Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар анҷуман баромад карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳилаи нави рушди ҷомеа- даври созандагю бунёдкорӣ илман асоснок намуд.

Хиради волои Пешвои миллат буд, ки барои ташкили Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо ҷасорат иқдом намуд. Ҳизб ҳамчун қисми таркибӣ ва муҳити низоми сиёсии ҷумҳури, аз рӯзи нахустин вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳни аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои-миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоидоштаи давлати мо сарчашма гирад. Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.

Дар охир ҳамаи Шумоёнро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон табрику таҳният менамоям.

Розиқов Абдухолиқ- мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.