Ташаббуси навбатии “Мактаби ман”

2022-11-29

Дар доираи амалиёти муштараки "Мактаби ман!" дар муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Кӯшониён ҳамоиш бо хатмкардагони қаблии муассисаи мазкур доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории ҳамоиш ҳавасманд гардонии соҳибкорони маҳаллӣ барои тадбиқи амали барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникӣ ва бо ин васила ҷалб намудани онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо ва мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳамоиш шиносоӣ ва суҳбати дӯстона доир гардида аз ҷониби директори муассиса вазъи ҷории мактаб ва ниёзҳои моддию техникии он тариқи гузориш муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин, номгӯи таҷҳизот ва корҳои сохтмонӣ мушаххас бо нишондоди маблағи хароҷот манзури иштирокчиён гардид.

Дар интиҳо, иштирокчиён ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан барои бартараф намудани ниёзҳои мактаб мувофиқи имконият ва шароит ҷалб карда шуданд. Бо истифода аз фурсат барои иштирок ва саҳмгузории сокинон дар ин кори хайру созанда изҳори сипос карда шуд.