ҚАҲРАМОНИ МИЛЛАТ

2022-11-29

Дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баландатарин мартабаҳо меарзанд, зеро имрӯз ҳама он дастоварду пешравиҳое, ки мо мебинем, аз хизматҳои шоёни ин шахсияти фидокор буда, моро мебояд танҳо бо хизматҳои арзанда ва бо дасту дили пок паҳлу ба паҳлуи Ҷаноби Олӣ содиқ бошем ва ба давлату миллат хизмат кунем. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмон ёд доранд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам», “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам”…

Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Вале 16-уми ноябри соли 1992 ба решаи ташнаи миллат обе расид. Чӣ қадар мушкилу хатарнок буданд ҳамон солҳо. Бо вуҷуди ин қадар нотинҷию нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқуллода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонид. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омадаанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо кушод, барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат!

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт.

Бузургтарин дастоварди Сарвари олимақом Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошт.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф намуданд. Дар тӯли 31 соли Истиқлол Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат мо соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Пули миллӣ, Артиши миллӣ, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо гардидем. Маҳз натиҷаи хизматҳои арзандаву шоёни ин марди шуҷоъ буд, ки ӯро 11-уми декабри соли 1999 ҳамчун Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуданд.

Тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои худ доим таъкид мекунад, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар дасти ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонони мо босаводу боилм бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Имрӯз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном наниҳоданд. Чунки ӯ худ аз байни халқ баромада, ба дарду ғами халқ шарик аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкори халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудию некӯаҳволии халқ ва ободии Ватан ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад.

Дар таърихи халқи тоҷик низ чунин абармардоне буданд, ки барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузоштаанд. Аз ҷумла, чунин нақшро дар гузашта Шоҳ Исмоили Сомонӣ дошт. Пас аз ҳазорсолаҳо, дар эҳёи нави миллати тоҷик чунин нақши барҷастаро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст. Аз рӯзи аввали расидан ба қудрати сиёсӣ то ба имрӯз Президенти кишвар ҳамеша мекӯшад, ки давлатдории миллиро тақвият бахшад, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оварад.

Хизмати арзандаи дигаре, ки Президенти кишвар ба сомон расонид, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Бо пеш гирифтан ва амалӣ намудани ин сиёсат Сарвари мамлакат тавонист, алоқаҳои миёни тоҷиконро боз ҳам қавитар ва мутамарказияти давлатдориамонро мустаҳкамтар созад. Имрӯз низ ин сиёсати босамар идомаи худро дорад. Кӯшишҳои Сарвари кишвар барои баромадан ба бандарҳои бузург бозгӯи ин гуфтаҳост. Дар умум, Сарвари кишварамон бо сиёсати пешгирифтаи худ бар он мекӯшад, ки иқтисоди кишварамон боз ҳам рушди баланд дошта бошад ва Тоҷикистон ба қатори кишварҳои пешрафта ворид гардад.

Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем!

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд