"Номарасон" - ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

2022-11-29

Дар Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Абдуллоев Салоҳиддин-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор иштирок намуд.

Нахуст, тибқи рӯзномаи маҷлис дар Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис ва номи он "Номарасон" гузошта шуд.

Сипас, бо овоздиҳӣ Наргис Каримова, директори Маркази алоқаи почтаи шаҳри Ҳисор раиси ташкилоти ибтидоии "Номарасон" интихоб гардид.

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии "Номарасон" гуфта шуд, ки имсол аз таъсисёбии ҲХДТ 28 сол пур мешавад ва дар ин муддат ҳизб тавонист корҳои азими созандагию бунёдкориро дар кишвар амалӣ намояд. Ҳизби мо як қувваи бузурги сиёсӣ, ҳизби роҳбару роҳнамо бо сарварии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои азалии мардуми мо, бунёди Ватани озод, обод, шукуфо, мутамаддин ва мутаррақӣ муваффақона фаъолият менамояд. Таъкид гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳон руз ба руз мураккаб гашта истодааст, аз ин лиҳоз ҳар яки моро лозим аст, ки баҳри пойдории сулҳу субот дар кишвар кӯшиш намоем.

Дар фаромад Каримова Наргис, раиси ташкилоти ибтидоии "Номарасон" зикр намуд, ки баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, истифода хоҳад намуд, зеро дар тӯли солҳои сипаригардида ҳизби мазкур баҳри амалигардонии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, таҳкимбахшии пояҳои давлатдорӣ, таъмини фазои ороми сиёсӣ ва тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, саҳми арзандаи хешро гузошта меояд.