Мастчоҳ: дар меҳмонии марзбонон

2022-11-28

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода меҳмони яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳия гардида, марзбонони шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашнҳои 30-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Зимни суҳбати самимӣ Почозода М. аз ғамхориҳои ҳамешагии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати афсарону сарбозон ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан ва сарбозон ҳомиёни ҷоннисори арзишҳои милливу давлатӣ мебошанд.

Дар аснои суҳбат мавсуф ёдовар шуд, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳое, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Илова бар ин, қонуни мазкур якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

Боят тазаккур дод, ки ҳифзи марзу бум ва амнияту суботи кишвари азизамон аз хизмати содиқонаи беҳтарин фарзандони халқ - афсарону сарбозони далери миллат вобастагии калон дорад. Инро ҳамаи мо хуб медонем, ифтихор мекунем ва дар чунин рӯҳия тарбия намудани фарзандонамонро вазифаи шаҳрвандии худ мешуморем, - гуфт М. Почозода.

Сипас ба афсарону сарбозони дидбонгоҳи мазкур тӯҳфаҳои омоданамудаи кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ҶДММ "Тезкор" (роҳбараш Музаффар Гадобоев) тақдим карда шуд.

Муллошукур Шокирзода,

"Нигоҳи халқ"