МЕҲРИ ВАТАН

2022-11-28

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шӯҳратмандони шӯҳратёр ва садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст.

Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеҳҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист.

Кӯҳҳои зарафшонаш кони зар,

Сарвату тиллои он машҳури даҳр.

Пахтаи бишкуфтааш рамзи ҳаёт,

Гандумаш нони ҳама аҳли башар.

Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист.

Тоҷикистон, Тоҷикистон.

Мекунам шукри каму бисёри ту,

Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.

Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Оре, дар кадом ҳолат дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад.

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Педагоги машҳур В.А. Сухомлинский мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «инсон», «маънои зиндагӣ», «меҳнат», «қарз», «оила», «забони модарӣ», «муҳити табиат», «садоқат» алоқаманд мекунад. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар донистааст:

Ватан cap мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар,

Ватан cap мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,

Ватан хушномию фирӯзии мост.

Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандустӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз таҳти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд:

Хоки Ватан аз таҳти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд, ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд. Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон буда, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Дар он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошанд, акси ин ҳол ба миён меояд.

Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдаки зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Муҳимтар аз ҳама кӯдакон бояд аз хурдсолӣ ба мафҳумҳои сулҳ, дӯстӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ сарфаҳм раванд. Ин кор пеш аз ҳама маҳсули тарбияи оила, ҷомеа ва мактаб аст. Бинобар ин дар мактабҳо фазои сулҳ, ваҳдат, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдату муқаддасоти Тоҷикистон ҳукмфармо, танинандоз ва дар мадди аввал қарор гирад. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва инсонгароӣ дар ҳамаи замонҳо яке аз масъалаҳои муҳим ва заҳматталаби ҷамъиятӣ шуморида шуда буд ва ин мафҳум то ҳол идома ёфта истодааст.

Барои амалӣ ва самарабахш натиҷабардорӣ кардан аз чунин мафҳумҳо бояд аз кӯдакистонҳо сар карда бачагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, садоқат ба ватан ва ғояҳои олии муқаддасоти кишвар парвариш намоем. Тарбияи ватандӯстии хонандагон вобаста ба синну соли онҳо гуногунранг мешавад. Ба он муаллимаҳо, мураббияҳо, роҳбарони синфҳо дар ҷараёни дарс ва берун аз дарс бо назардошти нақшаи таълимӣ ва нақшаи тарбиявии мураттаб намудаи худ тариқи соатҳои тарбиявӣ, корҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ амалӣ менамоянд. Дар мактабҳо асосан чунин кор тариқи соатҳои тарбиявӣ ба нақша гирифта мешаванд; вохӯрӣ гузаронидан бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақл кардани ҳаёти қаҳрамонони шуҷоъ, гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои Ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, омода намудани ҳар гуна озмунҳо бахшида ба пос доштани арзишҳои миллӣ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон.

Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай ҷизмат кардан мебошад. Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хоса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳи ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

Ҳама cap ба cap тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Дар ашъори Ҳабиб Юсуфӣ Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои ӯ ҳамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу меҳрубон мебошад:

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр...

Мурод аз офаридани образи ватандӯстона дар адабиёти олам бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодист.

Вале вазифаи мо танҳо аз бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд