Дидорбинии вакилзанон аз қисми ҳарбӣ
2022-11-28
Бо ташаббуси Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва иштироки прокурори ҳарбии минтақаи
Рашт Хайрулозода Фаррух ва вакилзанони ноҳия, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ аз
қисми ҳарбии 0113-и дидбонгоҳи сарҳадии
“Ширинчашма”-и Қушунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидорбинӣ карда шуд.
Дар
ин вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Идизода Заррина сарбозону афсаронро ба
муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбоди намуда, зикр карданд, ки
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ хеле бамаврид иброз
доштаанд, ки “Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг
ва расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони
мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон неруву қудрати созандагӣ
мебахшад”. Шумо родмардони Ватан низ аз зумраи парчамбардорони
ватандӯст буда, дар ҳифзи Ватан камар бастаед...
Ҳамзамон, аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт
ва вакилзанҳо ба сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуда, дар рафти
хӯроки нисфирӯзи бо сарбозон маҳфили озоди шеърхонӣ дар ситоиши Ватан ва
ватандўстӣ доир гардид.