Баргузории соати-сиёсӣ дар шаҳри Левакант
2022-11-28
Дар доираи нақшаи
амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маъориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри
Левакант соати сиёсӣ баргузор гардид. Зимни суҳбат мавзуъҳои нақши Иҷлосияи 16
–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, вазъи
сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон ва
аҳаммиятнокии Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни “Соати
сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳиҳби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, омӯзгорони соҳибтаҷриба, собиқадорони риштаи
ҷомеашиносӣ, мудири кадрҳои бахши маорифи шаҳр, директори муассисаи номбурда
иштирок доштанд. Расулов Меҳтоҷалӣ, мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант қайд
намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари
соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз
он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди
тоҷиконро тақким бахшид. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи
нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад.
Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози
таърихӣ иртиботи қавӣ дорад.
Дар
охир ёдовар гардид, ки Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ,
бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи
созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва
фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт
ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро
таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои
симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи
байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизи
Тоҷикистон мебошад.