РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМАИ АМАЛИ ҲХДТ
2022-11-26
Бо ибтикори Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ва муассисаи таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳр, ба
ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон байни аъзои маҳфили шоҳмоти муассиса
мусобиқа баргузор шуд.
42 нафар наврасон, ки
дар маҳфили шоҳмоти муассиса ин навъи варзиши ақлро меомӯзанд, байни худ
нерӯсанҷӣ намуданд.
Зимни баргузории
маросим иброз гардид, ки Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит
фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштирок дар мусобиқаҳои
ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон бештар
муаррифӣ намоянд. Мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 10 ҳазору 220 адад
иншоотҳои варзишӣ, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи
варзиш, роҳандозӣ гардидани даҳҳо барномаҳо бозгӯи онро дорад, ки варзиш дар кишвари
мо рӯ ба рушд дорад.
Дар маросими ҷамъбасти
мусобиқа мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот Ҳусейнов Улуғбек ва мудири шуъбаи
кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Ҷалолов Қобилҷон устодону шогирдони муассисаро бо Рӯзи
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба онҳо дар бораи таърихи парчамдории
тоҷикон, мазмуну муҳтаво ва рамзҳои Парчами миллӣ, эҳтиром гузоштан ба ин
муқаддасоти миллӣ чун рамзи давлатдорӣ ва меҳандӯстӣ сухан карда , ба 15 нафар
ғолибони мусобиқа сипосномаву ифтихорномаи Кумитаи иҷроия ва ба ҳамаи
иштирокчиён тахтачаҳои шоҳмот тӯҳфа намуданд.