Аз тантанаҳои Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022-11-25
Бахшида ба “Рӯзи
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмончӣ” бо
иштироки Каримзода Нилуфар, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва
Каримзода Абдураҳмон, муовини
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади
тантанавӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат иброз
гардид, ки эҳтиром нисбати рамзҳои давлатӣ ва ҳамасола дар сатҳи баланд ҷашн
гирифтани Рӯзи Парчам боз ҳам барои боло рафтани ифтихору ғурури миллӣ ва ҳисси
ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуда, дар самти рушди давлатдории миллӣ замина
мегузорад. Зеро, Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату
иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат
мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.
Дар тамоми давраҳои
таърихӣ гузаштагони миллати тоҷик нисбати Парчам эҳтироми хоса доштанд ва онро
чун нишони озодиву қудрати давлатӣ ҳифз менамнуданд. Дар садаи асри XXI миллати
соҳибтамаддуну созанадаи тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолӣ Парчами азизро ҳифз
намуда, ба он чун муқаддасоти давлатӣ муносибат менамояд.
Дар
охир ба якчанд нафар фаъолон, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда ба сафи ҳизб
пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба аъзои фаъол
Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тақдим
карда шуд.