Тантанаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хатлон

2022-11-25

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқи Ҷануб” маҷлис бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло ва шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ Нозилов Давлаталӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баромад, Миралиён Қиёмиддин вобаста ба муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Зикр гардид, ки парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёкон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу сабот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

Дар охир як қатор кормандони ташкилоти ибтидоӣ, бо сипосномаҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ қадрдонӣ шуданд.