Чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-11-25

Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Назарзода Турабек Камол, Генерал майор, муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мирзоев Саломатшоҳ Бозорбоевич, Сардори донишкада ва афсарону сарбозон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас Мирзоев Саломатшоҳ Бозорбоевич сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар идома Мирзозода Иброҳим Холмурод суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ аст, таҳният намуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон, Назарзода Турабек Камол зимни баромади хеш қайд намуд, ки муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Дар идома як қатор афсарону курсантони донишкада барои хизматҳои софдилонаву содиқона дар арафаи ҷашни 30-солагии Рӯзии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.