Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар солгарди “Рӯзи парчами миллӣ” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

2022-11-25

Бахшида ба “Рӯзи Парчами миллӣ” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и ноҳия дар маҳаллаи Чимтеппа-1 бо шаҳрвандон вохӯрӣ баргузор намуда, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода, 23 нафар сокинони маҳаллаи мазкурро ба сафи аъзои ҲХДТ қабул намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ҳабибзода Аъзам, муовини Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Умар намояндаи МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ, Адиба Исуфзода намояндаи САҲШ-и ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон сокинони маҳаллаи Чимтеппаро ба муносибати сиюмин солгарди “Рӯзи Парчами миллӣ” табрик намуда, таъкид доштанд, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.

Ҳамзамон, вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, “Маромномаи сокини пойтахт”, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе ибрози андеша намуданд.

Дар анҷом ба шаҳрвандоне, ки ба сафи аъзои ҲХДТ пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардида, роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.