Иншои беҳтарин дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – ифтихори мо» ҷамъбаст гардид

2022-11-25

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, дарёфти истеъдоди наврасону ҷавонон, муайян намудани маҳорату малакаи сухандонию суханпардозӣ, баланд бардоштани эътибори Парчами миллӣ ва бахшида ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Озмуни «Иншои беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияю литсейҳо ва донишҷӯёни коллеҷу мактабҳои олӣ дар мавзӯи «Парчами давлатӣ – Ифтихори мо!» эълон гардида, ғолибон муайян шуданд.

Сипоснома ва тӯҳфаҳо ба ғолибони озмуни мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович дар чорабинии идонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки ба муносибати Рӯзи Парчам дар назди Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии “Истиқлол” –и маркази шаҳр баргузор гардид, супорида шуд.

Зинми суҳбат иброз гардид, ки муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.