24 ноябр-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022-11-24
Парчам
барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор меравад.
«Ҳанӯз
аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву
ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор
рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд”,
-иброз намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи табрикоти хеш бахшида
ба Рӯзи Парчам соли сипаригардида.
Бегумон
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ
ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он
ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ,
варзишӣ, ҳамчунин дар муносибати байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди
ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Парчами
давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими
истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу
талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.
Бояд
қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад.
Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шурои
Олӣ санаи 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.
Барои
таҳияву пешниҳод намудан ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол
муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ сарф шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз
ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия
намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан
250 нафар ширкат варзиданд.
Вобаста
ба таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ
комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин
комиссияро президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад
Осимӣ ба ӯҳда доштанд. Аз муалифон ва коллективҳои эҷодии тамоми минтақаҳои
ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ
ворид гардида буд.
Аз
тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи се рахаи
рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги
сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабзро ташкил мекард ва бари матоъ
бошад якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.
Дар
аввал ба сифати ангораҳои асоси муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва
ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу-тоҷик сарчашма
гирифта ҳамчун рамзи боақлӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд. Баъд аз ин
гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нақши шер нақши тоҷ
ва ҳафт ситораро чой намуданд.
Қайд
кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой
дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари
муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли
нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва
оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.
Дар
аввал ба ақидаи муалифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт
шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд. Ҳоло бошад ҳафт ситора, ин
ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад,
яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон.
Дар
давраи кори комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии
Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки
муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст
овардани истиқлолият, арзишҳои миллӣ таърихию фарҳангии халқамонро ба назар
гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст ҳамчун ифодагари
– мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед-
бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату
меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад маънидод карда шуд.
Дар
таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати
соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон, ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод
намуданд.
Ҳамон
лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии
халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон
мебинем, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии
раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.
Рӯзи
дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон –
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва
аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд
намуданд.
Бояд
қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои
қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин, садоқат ба яке аз
рамзҳои асосии давлат – Парчамии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони худ
аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ
лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Боиси
хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами
давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ
ҷашн гирифта мешавад.
Ба
хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Пешвои миллат ғояи бунёди
манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил
ёфт. Дар натиҷа 30-юми
августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии
худи Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.
Бе
муҳобо метавон гуфт, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи
пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии
арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои
дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Давлатзода
Ҳангома Рустам