Ҳастии мо дар нишону парчам аст

2022-11-24

«Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Эмомалӣ Раҳмон

Парчам бешубҳа, як рукни муқаддасот ва рамзи давлатдории хар як халқу миллат дар рӯи замин мебошад. Соҳиби парчам будан ин ифодагарӣ соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост. Халқи тоҷик яке аз ақвоми ориёиасл дар оини давлатдории хеш аз қадимулайём аз ин рукни давлатдорӣ истифода менамуд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои устуравию таърихӣ соҳибпарчам будани аҷдоди мо ба замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён ва қиёми Коваи оҳангар алайҳи зулму куштори Заҳок – шоҳи бедодгар, рафта мерасад.

Хушбахтона лаҳзаҳое, ки аз назди «Парчами миллӣ» мегузарам, ҷилваи баландтарин парчамҳои дунё - Парчами миллати тоҷикро бештар эҳсос менамоям. Он Парчами иқболи наслҳои имрӯзу ояндаи мост. Азму кӯшиш ва муборизаи чандин насли фидокори кишвар дар се ранги пурҷилои он нақш бастааст. Илова бар ин, Парчами миллии мо-рамзи ҷасорату садоқат ба Ватан, мероси азизи ниёгон, парчами додхоҳӣ ва адолату додгустарӣ ба шумор меравад.

Халқи тоҷик гузаштаи бой ва таърихи ғанӣ дорад. Муҳимтарин арзишҳои тамаддуни ҷаҳониро эҳтиром менамояд. Аз ҷумла, Парчами давлатии соҳибистиқлоли мо - волотарин рамзи таърихист.

Баробари ба истиқлолият расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ – Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, дар сари пазириши тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Санаи 24 ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ – Парчами давлатӣ гардид. ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсия Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд. Пас аз таҳия ва баррасӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, 12 майи соли 2007, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуд, ки аз ду боб иборат аст.

Санаи 11 декабри соли 1999 бошад, бо Қарори Маҷлиси Олӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи асноди мазкур Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Ҳукумати мамлакат, сурудҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи маркази интихбот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Камоли хушбахтии мост он: шукр бояд кард, ки чунин зебо Ватан дорем. Бар замми ин халқамон бунёдкору ободгар аст.

Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяншудани ҳукумати ҷумҳурӣ афрохта мешавад. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикисон мебошад.

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони расонидаанд,эҳтиром ба рӯҳи равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон гузаштагони мост.

Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланду нишони дорои анъанаҳои кишваророӣ будани онҳост. Парчам аз аҳди қадим барои тоҷикон рамзи иттиҳоду пирӯзӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шуҷоату далерӣ будааст.

Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда дирафшро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам наметавон тасаввур кард. Оқиле дар ин бобат хуб фармуда:

Ҳастии мо дар нишону Парчам аст,

Ҳар яке дар маънии худ олам аст.

Нишони фахри миллат ҳаст Парчам.

Нишони рамзи миллат ҳаст Парчам.

Бо мақсади ҳарчи зудтар қабул намудани шаклу намуди рамзҳои давлати аз 28 июни соли 1991 қарори Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ҳамзамон, он айём озмуни ҷумҳурияви оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлати эълон гардид. Барои натиҷагирӣ аз кори ин озмун комиссияи вижае таҳти роҳбарии Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфт. Бо ташаббуси Рассоми халқии ИҶШС Суҳроб Қурбонов гурӯҳи кории комиссия дар ҳайати Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев, Раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон А. Заневский, санъатшинос Лариса Додихудоева, рассомон Н. Игнатушина ва М. Саидалиев таъсис дода, ба онҳо омода намудани ангораи Парчам ва Нишони давлатиро супориш доданд.

Ҳангоми интихоби рангҳои парчам байни нафарони алоҳида баҳсҳо сурат гирифта, баъзеҳо ҳатто пешниҳод намуданд, ки ранги сурх аз парчами Тоҷикистон чун рамзи давлати коммунистҳо бардошта шавад. Ба рафти ин баҳсу мунозираҳо хушбахтона, нафарони огоҳ аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик ба монанди олимон: А. Мухторов, М. Осимӣ, Ф, Тоҳиров, Л. Додихудоева ва дигарон дахл намуда, кори комиссияро аз хатари чунин суханону пешниҳодоти ноҷову эҳсосоти эмин нигоҳ доштанд.

Ҳамин тавр, баъди баҳсу мунозираҳои зиёд Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо инъикоси се ранг: сурх, сафед ва сабз дар маркази он акси тоҷ бо ҳафт ситора аз тарафи комиссияи зикршуда қабул шуда, дар ҷараёни Иҷлосияи XVI- уми Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 барраси ва тасдиқ шуд.

Бо ҳамин Тоҷикистони соҳибистиқлол бори нахуст соҳиби Парчами давлатии хеш ва яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ гардид. Дар чунин шаклу намуд пазируфта шудани парчами мо ягон зарра иштибоҳ набуда, балки он ифодагари таъриху фарҳанг ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди милли, дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Тарзу усули истифодабари ва аз лиҳози ҳуқуқи чӣ тавр муносибат намудан бо Парчами давлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 12 майи соли 2007 муайян гардидааст.

Хушбахтона, бо шарофати заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мусоидату дастгириҳои доимиашон ва бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлати, арзишҳои таърихию фарҳанги ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рӯзи 24 ноябр чун «Иди Парчам» ҳамасола таҷлил карда шавад. Ҳамзамон, Президенти хирадманди маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод намуд. Ҳамин тариқ, тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009, минбаъд рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи «Иди Парчам» муқаррар гардид. Соли 2011, дар шаҳри Душанбе манораи 165 метраи парчами Тоҷикистон қомат афрохт ва ба китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шуд.

Боиси хурсандист, ки ҳар сол миллатҳои Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Яздони пок, истиқлолияти давлатию ваҳдати миллӣ ва Сарвари оқилу ғамхорамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иди Парчамро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъан ҳам, чун рамзи давлатдорӣ ва нишонаи зиндагии шоистаи мардуми мо мебошад.

Парчами мо-ифтихори мо ба ҳар давру замон,

Даври пирӯзии тоҷик, даври истиқлоли тоҷик.

Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

Парчами мо чун рамзи соҳибистиқлолӣ имрӯз дар радифи дигар кишварҳо дар бинои СММ ва дигар ташкилотҳою давлатҳои дунё, шукри Худо 30 сол мешавад, ки партавафшон аст. Ҳар лаҳза дар мусобиқаҳои гуногуни дохилию байналмилалӣ ҳангоми ғолибияти фарзандони сарзамини мо парчами Ватан боло бардошта мешавад, ки ин ҳолат ҳар фарди баору номуси Тоҷикистонро хело руҳбаланд мекунад. Дар интиҳо бо чор мисраъ шеъри шоири шодравон Валиҷон Баёнӣ ба сухани хеш анҷом мебахшам.

Эй парчами боми Ватан!

Эй шӯҳрату шони Ватан!

Эй чатри зебо бар сарам,

Тахти зарафшони Ватан!

Парвина Меликова,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

аъзои Фраксияи ҲХДТ