Парчам ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон

2022-11-24

Таърихи башар, бархурди тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ баҳри шинохти миллату давлат ва ифодаи марому ҳадафҳояшон инсонҳоро водор кардааст, ки барои барқарор кардани асолати таърихӣ ва ҳуввияти миллӣ аломат ё рамзҳои гуногунро эҷод ва истифода намояд.

Ба маънои дигар, рамзҳои давлатӣ ва нишон лавҳаи хурдшудаи бозгӯи таърихи давлату миллат буда, ҳамзамон эътиқоду боварӣ, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси халқу миллатҳо мебошад.

Пайдоиши парчам ҳамчун рамзи истиқлолу озодии миллӣ ва давлатдорӣ дар таърихи башарият ба қарнҳои дури дур рафта, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд.

Чандин кишварҳо иддао доранд, ки қадимтарин парчам доранд ва парчамҳои онҳо дар Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун парчамҳои пайваста истифодашаванда ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи иттилооти мавҷуда ба даҳгонаи онҳо парчами давлати Дания соли 1219, Австрия соли 1230, Латвия соли 1279, Албания соли 1443, Шветсария соли 1470, Шветсия соли 1562, Нидерландия соли 1572, Россия соли 1696, Япония соли 1870 ва Испания соли 1785 дохил мешаванд.

Инчунин, ривоятҳо дар бораи дарёфти чунин нишон ё рамзҳо дар Рими қадим, Чин ва Миср низ ба назар мерасанд.

Аммо, бояд махсусан қайд намоям, ки мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ нахустин парчамҳо дар Эрони қадим ёфт шудаанд, ки ба асри III – и пеш аз милод рост меоянд. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони қадим парчами хурди филизиеро (аз унсури химиявии дорои ҷилои махсус) пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи III - и пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ки тарзи истифода нигоҳдошт ва дигар паҳлуҳои парчамро ба низом медарорад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш он ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Лекин, на аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат буд, балки ашёҳои гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда, дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Маънии рангҳои парчами Тоҷикистонро шарҳҳои мухталиф кардаанд.

Дар ҷомеаҳои ориёӣ (ҳиндуэронӣ) табақаҳои сегонаи аслӣ бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони ҳиндии бостон varna- (аз решаи var — «пӯшидан») ҳам ба маънои ранг ва ҳам ба маънои табақаи иҷтимоӣ будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra — ҳам мафҳуми ранг дошта ва ҳам маънии табақаи иҷтимоӣ. Вожаи пеша ба маънои шуғл дар забони форсӣ-тоҷикӣ аз ҳамин вожа аст.

Рангҳои миллии маъмулии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони кунун расидаанд.

Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардумони кишоварз ва чорводорон будааст.

Аммо, ба ақидаи мо, ва аз нигоҳи таърихӣ шарҳи илмии рангҳои парчами миллӣ бояд чунин бошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 23-юми ноябри соли 2010 онҳоро ҳамчун «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» шарҳ дода, гуфтаанд: - “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Каме агар ба пайдоиши вожаи парчам ва таърихи он нигарем, дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» вожаи «Парчам» ба ду маъно чунин тафсир ёфтааст:

Парчам - байрақ, ливо. 2. пӯпаки абрешимин, ки ба байрақ баста мешавад.

Ғайр аз ин, дар забони тоҷикӣ чанд вомвожаи дигаре (ё вожаҳои иқтибосие) ҳастанд, ки аз забонҳои арабиву туркӣ ба монанди алам ва байрақ гирифта шуда, истифода мешаванд, ки ҳаммаънои ливо, роят ва парчам мебошанд.

Вожаи дигари куҳантарин ишора ба парчам - дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст.

Вожаи дурафш ва дурафшидан дар «Фарҳанги забони паҳлавӣ» ба чунин маъно оварда шудааст: 1. «drafš – байрақ, ливо»; 2. «drafšitan – мавҷ задан, такон хӯрдан, ларзидан; 3. дурахшидан”.

Дар “Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ”-и Муҳаммад Ҳасандӯст вожаи дирафш ин тавр шарҳ дода шудааст: “Дирафш [drafš] байрақ, алам, аломат, роят (- и сипоҳ)”.

Дирафш дар форсии миёна drafš ва эрони бостон drafša” ва ба маънии ҷунбидан, ларзидан низ маънидод гардидааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадаанд. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Ин нуктаро Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -и безаволи худ низ, борҳо ба назм кашидааст.

Зи дебои пурмояву парниён,

Бар он гуна гашт ахтари Ковиён

Баъдан, парчами Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро (то 1-уми сентябри соли 1920), пасон Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 ва аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924) ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва бо алифбои форсӣ, яъне Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омаданд.

Парчам давлатӣ бо тақозои замон ҳамчун ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон, пазириши Қонунҳои онвақта, инчунин бинобар сабаби алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ ва аз лотинӣ ба кириллӣ табдил доданд, соли 1931, соли 1935, солҳои 1940 – 1946 ва солҳои 1946 – 1953, давра ба давра иваз шуд, ки аслан дар заминаи парчами Иттифоқи Ҷумҳурии Шуравӣ Сотсиалистӣ (СССР) қабул гардида буданд.

Номи ҷумҳуриро дар онҳо бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston), русӣ (Таджикская ССР) ва тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу путк ” (болға) - ро менигоштанд.

Ҳамин тариқ, парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1953 то 9-уми сентябри соли 1991 амал кард.

То пазириши парчами кунунӣ дар солҳои 1991 – 1992, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу путк” ба кор мебурд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён гирифта буд. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти рохбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод.

Комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби ҳайати комиссия (Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М.) пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт.

Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри арбоб дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид.

Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».

Моҳи сентябри соли 2011 парчами давлатӣ дар пойтахти кишвар ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин дар ҷаҳон - 165 метр бунёд шуд, ки он ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иќтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоит фароҳам оварда шуд.

Парчами давлатӣ нишонаи баќои миллату давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халќамон мебошад.

Бино бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”.

Дар навбати худ, мо ҳамчун миллати бофарҳангу бомаърифати Тоҷикистони азиз ба рамзҳои давлатӣ, хосса ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят намуда, рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем, ба он эҳтироми самимӣ зоҳир менамем ва аз он дар ҳама ҷо ифтихор мекунем.

Месазад, ки барои дар ин пояи баландтарин парафшону устувор ва пойдор нигоҳ доштани Парчами Ватани азизамон пайваста талош намоем, зери он боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем ва парчамбардорони асили миллати хеш бошем.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аъзои Фраксияи ҲХДТ, узви Кумитаи

аграрӣ, захираҳои об ва замин.