ПАРЧАМ - РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

2022-11-24

Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони “Парчам- рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” баргузор гардид. Дарси навбатии “Хониши сиёсӣ” бо иштироки  дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шавкат  Шарипов доир гардид.

Мавсуф қайд намуд, ки  Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии мамлакат таҷлил карда мешавад. Парчам дар баробари Нишон ва суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад.

Оид ба таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон ва давлатҳои дигари дунё дар назди кормандони кумиҷроияи вилоятиву шаҳрӣ Шарипов Шавкат  бо маърӯзаи пурмазмун ва мукаммал суханронӣ намуд. 

Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.

Боиси тазаккур аст, ки ҳафтае як маротиба дар назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд “Хониши сиёсӣ” дар мавзӯъҳои гуногун доир гардида  дар он олимону устодони соҳибкасб маърӯза менамоянд.

Хабарҳои охирин