ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ МУҲИМИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

2022-11-24

Дар кумитаи иҷроияи ибтидоии «Инқилоб»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ки устодону донишҷўёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро сарҷамъ мекунад, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ д.и.и., Абдумавлон Азимов, муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Гулчеҳра Аҳророва, декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ н.и.и., дотсент Ҷалолов Н. ва дигарон иштирок намуданд.

Нахуст, иштирокчиёни чорабинӣ аз раванди таълим дар гурӯҳҳои академии факултет дидан намуда, ба сатҳу сифати дарсҳо ва шароити таҳсилу таълим баҳои мусбат доданд. Сипас, директори донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти қабули Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзи муҳимми Истиқлоли миллӣ андешаҳояшро иброз намуд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов суханронӣ намуда, вобаста ба қадру манзалат ва мақоми Парчами давлатӣ дар байни ҷомеаи кишвар андешаҳои ҷолиб иброз намуд.

Асистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Саидкамолова Ш.Э., дар мавзӯи «Парчами давлатии Тоҷикистон нишони хиради волои миллат» ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси идораи давлатӣ Машарипов Ҷ. дар мавзӯи «Парчами Тоҷикистон-рамзи Ваҳдат ва ягонагии миллат» маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ карда, вобаста ба мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти бисёрҷабҳаи Парчами давлатӣ маълумоти муфассал ироа намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет дар васфи Парчами давлатӣ, Ватан, Пешвои муаззами миллат ва гиромидошти арзишу муқаддасоти миллӣ шеъру сурудҳои дилнишин қироат ва сароида шуданд.

Ҳамин тариқ, чорабинӣ дар фазои озод, илмӣ, фарҳангию адабӣ ҷараён гирифта, бо як ҷаҳон таассуроти нек ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.