ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ ХУДШИНОСӢ ВА МОЯИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
2022-11-23
Таҳти ин унвон имрӯз
бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар
Донишгоҳи давлатии тиббии
Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии
тантанавӣ бахшида ба Рӯзи
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар
чорабинӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Раиси
ҳизб Хайринисо Юсуфӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, ректори Донишгоҳи
давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Раиси Кумитаи Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олӣ, доктори илмҳои тиб, професссор Гулзода Маҳмадшо Қурбоналӣ,
ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмумин Раҳимов,
доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафарзода, роҳбарони як қатор ниҳодҳои
давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбии шаҳри Душанбе, аъзои Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва
намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Қабл
аз оғози чорабинӣ бо садои оркестори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардида, Суруди миллӣ садо
дод.
Раиси
ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр дошт,
ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр пеш аз ҳама тавассути
Парчам муаррифӣ мегардад ва қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор
аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими
худшиносӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад. Бо барафрохтани Парчам ифтихори ватандорӣ
ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад.
Парчами
Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар,
истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо
инъикосгари расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми
сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую иродати
созандагӣ мебахшад.
Аз
ин хотир, ҳамасола Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари
кишвар 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ки имсол аз қабули он 30 сол сипарӣ
мегардад.
Таъкид
шуд, ки ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ Парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи
давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу
номус эътироф мешуд ва фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он
ҷоннисориҳо кардаанд. Тоҷикон дар марҳилаи таърихи навини худ, яъне дар
тантанаи Истиқлоли давлатӣ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи
Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ
гардиданд ва равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву
фарҳангиро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монданд.
Муовини
якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор
ҳозиринро ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсоз ва Рӯзи Парчами
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, зимни суханронии худ таъкид
дошт, ки инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва
печида ба ҳадафҳо ва азму иродааш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Ва
аз ин миён Парчам ҳамчун рамз таърихе рангинтареро дорост. Бостоншиносон
истифодаи онро ҳанӯз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд.
-
Аз соли 2009 инҷониб бо ибтикори Президенти мамлакат 24-ноябр Рӯзи Парчами
давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил
мегардад, - зикр намуд А.Азизӣ. - Ин санаи фархунда ифодагари ифтихору эҳтироми
мо нисбат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии
давлати моро, ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи
истиқлолияти давлатии мо, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории
мост.
Гуфта
шуд, ки дар замони мо Парчам ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо,
махсусан ба ҷузъи фаъолияти доимии ҲХДТ табдил ёфтааст ва ягон гирдиҳамоӣ,
мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотии
ҳизби мо бе истифодаи ин унсури давлатсоз сурат намегиранд. Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи пешоҳангу созанда дар баробари дигар сохтору
идораҳо ҳамеша баҳри пос доштани муқаддасоти миллӣ дар арафаи ҷашнҳои мубораку
муқаддасамон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд ва бо ин васила дар тарбия
намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои
таърихиву фарҳангӣ саҳми худро мегузорад.
-
Дар парчами кишвари мо таҷассуми ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату рафоқат,
сулҳу ваҳдат, ғурури ватандорӣ ва ҳимояти марзу бум мавқеи барҷаста дорад, -
таъкид дошт Абдуҷаббор Азизӣ. - Парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ
василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек
ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст.
Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ
баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои
бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати
соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони
соҳибистиқлол паём мерасонад. Таҳти ҳамин Парчам халқи тоҷик истиқлоли хешро
устувору пойдор сохт ва ваҳдати миллӣ расид. Таҳти ҳамин Парчам халқи тоҷик пайваста
созандагӣ мекунад ва дар эъмори давлати дунявию ҳуқуқбунёд ба комёбиҳо мушарраф
мегардад.
Таърих
гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замонҳо шоирону нависандагон ҳамеша парчами
миллиро васфу ситоиш намуда, дар васфи ин муқаддасоти миллӣ шеъру китобҳои бешумор
навиштаанд, ки то замони мо расидаанд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб
низ аз шумули он шоирони шинохтаи тоҷик ҳаст, ки вуҷудаш лабрези Ватану
ватанпарастӣ ва ашъори рангинаш саропо аз ифтихори миллӣ ва давлатдории навин
аст. Дар идомаи чорабинӣ шоири маҳбуб аз ашъори худ дар ситоиши Парчам шеърҳоро
қироат намуд.
Оятулло
Аҳмадзода зикр намуд, ки Парчами давлатӣ барои ҷавонони Тоҷикистон низ омили
сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд
ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои
ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ татбиқ менамоянд.
Боиси
ифтихор аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар ақсои олам партавфишонӣ
карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили
глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки
мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ,
ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.
Гуфта
шуд, ки чанде пеш се нафар варзишгарони мумтози мо дар бонуфузтарин мусобиқоти
байналмилалӣ – чемпионати ҷаҳон – Темур Раҳимов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи
ҷудо ва Муллораҷаб Халифаев – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар шаҳри
Бокуи Озарбойҷон ва Шавкат Раҳимов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи бокс дар шаҳри
Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат варзида, Парчами Тоҷикистонро баланд
барафрохтанд.
Дар
идомаи чорабинӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аз
номи ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ба
парчамбардорони далери кишвар, варзишгарони номӣ, чемпионҳои ҷаҳон ва дигар
мусобиқоти гуногуни байналмилалӣ Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов,
Акмалиддин Каримов, Муллораҷаб Халифаев ва Эмомалии Нуралӣ туҳфаҳои арзишманд,
мукофоти пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипоснома тақдим намуд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони мумтози мамлакат барномаи рангини консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дигар чорабиниҳои ҷашнии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба ин муносибат дар қаламрави мамлакат бомаром идома доранд.