ПАРЧАМИ МИЛЛӢ- ИФТИХОР АЗ ВАТАНДОРӢ

2022-11-23

24 ноябри соли 2009 бо Фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз идҳои расмии Тоҷикистон — Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол 24 ноябр дар саросари мамлакат ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ бо як шукуҳ шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Парчами давлатдории навини тоҷикон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд қабул гардида, пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод кардаанд ва имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст. Парчами давлатӣ бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст.

Қабули Парчами давлатӣ ба давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, вақте истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод.

Парчам миллӣ аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Парчами миллиро мо - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар муқаддасоти миллӣ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, варзишию ҳарбӣ бо таври васъе ҳамчун рамзи сиёсии давлатдорӣ истифода мебарем.

Яке аз қадимтарин парчам дар ҷаҳон тақрибан панҷ ҳазор сол пеш дар қаламрави форсҳо сохта шуда буд. Он аз хӯлаи мис ва бо дигар металлҳо буд, ки рамзи истиқлолияту озодӣ ва сулҳу суботро дар давлатдорӣ ташкил медод.

Парчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шакл гирифта ва бо боварии комил эълон намудани ҳуқуқи маънавии хеш баҳри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад.

Парчами миллӣ–рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр буда, қабули он бо бӯсидани Пешвои миллат, ки ҳанўз 30 сол муқаддам дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд, муҳаббати мардум ба парчами миллӣ хеле зиёд шуд.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ ва гулгаштҳои замонавӣ бунёд гардиданд, ки ин иқдом дар самти бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки ин воситаи муҳимми баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози давлат мебошад.

Барои ҳамаи мо имрўз хушу гуворо аст, ки дар баробари тамоми мардуми сарбаланди кишвар, мардуми шарафманд ва ғаюри шаҳри бостонии Кӯлоб ин рўйдоди муҳимро таҷлил мекунем ва сарафроз аз онем, ки ҷумҳурии азизи мо дар баробари даҳҳо кишвари олам рамзҳои хосаи худро ҳамчун давлати мустақил дорад.

Дар баландтарин поя парафшон кардани Парчами давлатӣ рамзи ифтихору садоқат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги асили куҳанбунёди мо мебошад, ки маҳз дар замони Истиқлол эҳё карда шуданд.

Итминони комил дорем, ки меҳру муҳаббати сокинони мамлакат ба Парчами давлатӣ сол аз сол қавитар гардида, Парчам ҳамчун ҳумои бахт болои сари мардуми кишвар то абад парафшонӣ хоҳад кард.

Эй парчами умед, эй сабз чун чаман,

Аз ранги сабзи туст сарсабзии Ватан.

Аз файзи сояат сарсабзтар шавем,

Чун боғҳои мулк пур аз самар шавем.

Бо таманиёти нек ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Рӯзи парчами миллӣ табрик гуфта, ба Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз ободӣ ва шукуфоии аз ин ҳам зиёдтарро хоҳонам.

Гадоев Салим, Раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Кӯлоб