Маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ
2022-11-22
Баҳри
иҷрои қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон аз санаи 29 июни соли 2022, таҳти рақами 4 ва қарори Маҷлиси Раёсати
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 14.09.2022 таҳти рақами 3 дар бораи
маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ санаи 18-уми
ноябр мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд- Фирдавсхон Саидов аз
фаъолияти кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан
намуданд.
Аз
ҷониби масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд якчанд ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳр зери омӯзиш қарор гирифта, оид ба камбудиҳо
тавсияҳо дода шуд. Боис ба қайд аст, ки мавсуф дар радифи омӯхтани рафти
маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ, ҳамчунин, аз тақвияти корҳои дохилиҳизбии
кумиҷроия санҷида, доири камбудиҳои ҷойдошта ва баҳри пешрафти кор дар
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурҳои методӣ доданд.
Зикр
гардид, ки барои барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти
энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат тавсеа додани татбиқи
барномаву тадбирҳо дар соҳаҳои дахлдор ва вобаста ба ин, ба анҷом расонидани
маҷмӯи амалҳо доир ба афзоиши иқтидорҳои истеҳсоливу имкониятҳои инфрасохторӣ,
такмил додани равандҳои идориву истеҳсолӣ, истифодаи самараноки захираву
имкониятҳои мавҷуда ва тақвияти нерӯи инсонӣ таъмин карда мешавад.