ПАРЧАМ - РАМЗИ ТОҶИКОН ДАР ГӮШАИ ОЛАМ
2022-11-21
Агар Суруди миллӣ
қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Имрӯз
Парчами мо, нишони мо, нишони давлатдории мо ва нишони соҳибихтиёрии мо
мебошад. Парчам ифодагару ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии
тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихор доштани он дар рагу пайванд ва ҷалби ҳар
ватандор маъво гирифтааст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор
аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастоварди он ва пеш
аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини
аҷдодӣ раҳнамун месозад. Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо
мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат -
Парчами Тоҷикистон, аз 20 – уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 - уми ноябр рӯзи
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи
ташаббуси қонунгузории худ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ
пешниҳод намуданд.
Парчамҳо беш аз 3000
сола таърих доранд. Аввалин парчамҳо дар Чин, Миср ва Эрони қадим пайдо
шудаанд. Дар Авесто дар бораи парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои душманони он
зикр шудааст. Парчаму дирафш вожаи асили қадимаи тоҷик, байрақ важаи турк, ливо
ва қалам вожаи араб ҳастанд. Парчами аввалини тоҷикон ин пешбанди чармини Коваи
оҳангар буд, аввалин парчами мо парчами адолатхоҳӣ буд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату
тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ
ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну, шарафманди
тоҷикро ифода намудааст.
Парчами давлатӣ аз
зумраи муқаддасотест, ки фарзандони Ватан бо он ифтихор мекунанд, қасам ёд
мекунанд ва дар назди он бо нишони эҳтиром сар фуруд меоранд.
Дар ҳар давру замон
донишмандону варзишгарони ҷавони тоҷик бо ба даст овардани пирӯзӣ дар
олимпиадаҳою мусобиқаҳо пайваста Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд.
Давоми солҳои охир
даҳҳо ва садҳо нафар ҷавонону варзишгарони тоҷик дар чемпионатҳои бонуфузи
байналмиллалӣ ғолибият ба даст оварданд, ва дар ин мусобиқаҳо ба ифтихори ин
ғолибон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, Парчами Тоҷикистон боло
бардошта мешавад.
Бояд зикр намуд, ки
рамзҳои давлат шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати
моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои
давлат, ифодаи муҳаббат ба
Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад,
парафшонии ливои миллӣ ба эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандор
мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун
мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки
ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои
варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад ва мо
ҷавонони имрӯза бояд муқаддасоти давлати худро эҳтиром ва пос дорем.
Мавҷигул БАНДАЛИЕВА,
сармутахассиси
комиссияи оид ба ҳуқуқи
кӯдаки Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Хоруғ,
аъзои фаъоли
ташкилоти ибтидоии
"Ифтихор"