Ҳизби пешбари ҷомеа – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
2022-11-21
Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби
муваффақу дастболо буда, дар баробари ҳадафҳои неку
созанда, тарбиятгари насли
ҷавон дар масири хештаншиносӣ мебошад. Зеро ин ҳизби созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ
менамояд ва пайравони мактаби хирадмандонаву
сулҳпарваронаи Роҳбари ташаббускору навовар рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло кормандони
“Маркази саломатии КАТС”-и шаҳри Левакант барои пайвастан ба сафи ҳизб ариза
пешниҳод намуданд. Зимни тақдим намудани
шаҳодатномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба аъзои
нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатии КАТС”-и шаҳри Левакант зикр
гардид, ки кормандони муассисаи мазкур дар баробари иҷрои рисолати касбии хеш
зери партавафшонии ливои созандаву бунёдкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, саҳми хешро дар пешрафт ва ободии
Тоҷикистони азизамон мегузоранд.
Баҳри ҷалби занон ва бонувон ба корҳои ободонӣ, созандагӣ
иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ ва баланд бардоштани
нуфузи занон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташаббусҳои
муҳимро роҳандозӣ намудааст.
Бояд ёдовар шуд, ки аъзогӣ ба сафи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд боиси ифтихор ва сарбаландӣ буда,
ҳамзамон уро барои таблиғи идеяи созандаи он масъул менамояд.