Ташкилоти ибтидоӣ– асоси ҳизб
2022-11-21
Масъулини Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
дар маҳаллаи Ҳосилот-1 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода, 29 нафар сокинони
маҳаллаи мазкурро ба сафи ҳизб қабул намуданд.
Ташкилоти
ибтидоӣ-асоси ҳизб буда, ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб дар маҳал
тавассути он татбиқ гардида, бо шинос намудани ҳадафҳои созандаи барномавии
ҲХДТ ба шаҳрвандон обрӯ ва мавқеи ин ниҳоди сиёсӣ дар ҷомеа боз ҳам боло
меравад.
Тибқи нақшаи муштараки
Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ ва МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ дар МТМУ
№130 бо сокинони маҳаллаи Ҳосилот-1 вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ
роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Сартабиби МД Маркази саломатии шаҳрии
№1- Дилшодамо Юсупова, Ҳусейнов Бойалӣ – узви Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи
Фирдавсӣ, Одилбек Мансуров - намояндаи МИҲД- и ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва
суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ бо сокинони
маҳаллаи Ҳосилот-1 вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва
либоспушӣ, Маромномаи сокини пойтахт, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон,
пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии
ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, вазъи муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ ва саҳм
гузоштан дар татбиқи иқдомоти Роҳбарияти шаҳри Душанбе сӯҳбат баргузор гардид.
Дар охир ба
шаҳрвандоне, ки ба сафи аъзои ҲХДТ пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим
гардида, роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.