Корҳои таблиғотӣ вусъат меёбанд

2022-11-21

Дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин вохурӣ сардабири рӯзномаи «Нигоҳи халқ »- нашрияи КИ ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошт.

Сараввал вохуриро ҷонишини директор МТМУ №17 оид ба таълим Абдусамад Махсумов ифтитоҳ намуда, ҳадафу мақсади онро шарҳу тавзеҳ дод.

Баъдан, сардабири рӯзномаи «Нигоҳи халқ» Муллошукур Шокирзода аз таърихи парчамдории миллати тоҷик ба таври муфассал ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим дорои парчам буда, то имрӯз ба суннати парчамдорӣ арҷи хоса мегузорад ва ин амалро беҳтарин ҳуввияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

- Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар як фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд; - таъкид дошт М.Шокирзода.

Абдусамад Махсумов зимни суханронӣ аз хидматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки ин шахсияти ҷасуру собитқадам ва фарзонаву шариф дар рӯзҳое ба арсаи сиёсат омаданд, ки кишвари мо ба ҷанги таьмилии шаҳрвандӣ гирифтор буда, низоми давлатдорӣ фалаҷ гардида, ҳатто хавфи аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада буд. Хушбахтона, дар ҳамон лаҳзаҳои душвору ҳассос ба бахти миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳнаи сиёсат овард, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва дар як муддати кутоҳ давлати фалаҷгардидаро аз сифр ба як мамлакати пешрафта ва сулҳофару амнтарини минтақа табдил дод. Ҳамин буд, ки имрӯз аксари мамлакатҳои ҷаҳон сулҳи тоҷиконро меомӯзанд, ки монанди он дар таърих ногузир аст.

Ҳамчунин дар ҳамин вохурӣ як гуруҳ хонандагон доир ба аҳаммияти таърихию сарнавиштсоз будани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, таҷлили Рӯзи Президент ва аз хидмат ва корнамоиҳои бузурги Пешвои миллат дар тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва арсаи байналмиллалӣ маълумотҳои ҷолибу дақиқ баён доштанд.

Дар анҷоми вохурӣ дар байни хонандагон ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, саволдиҳандагон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

М. Нуъмонзода, «Нигоҳи халқ»