Маҷлиси умумӣ дар ташкилоти ибтидоии “Равшандилон”

2022-11-21

Бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, Қодирӣ Зулфия, директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои бачагони нобино ва сустбин дар шаҳри Ҳисор ва аъзои ҳизб маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Равшандилон” баргузор гардид.

Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии “Равшандилон”-ро Мардонов Абубакр ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Равшандилон” дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҲХДТ ба роҳ монда шуда, корҳои муайяне ба анҷом расонида шуда истодаанд.

Сипас, Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, зикр дошт, ки моҳи ноябр барои шаҳрвандони мамлакатмон яке аз моҳҳои таърихӣ ба шумор меравад, зеро аз оғоз то анҷом чорабиниҳои сатҳи баланд таҷлил мегарданд.

Гуфта шуд, ки имсол аз таъсисиёбии ҲХДТ 28 сол пур мешавад ва дар ин муддат ҲХДТ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои азими бунёдкориро ба сомон расонид.

Қайд гардид, ки кишвари мо зери сиёстаи хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардад ва дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои арзишманд ба даст омаданд.

Бо пешниҳоди аъзои ҳизб номзадии Қодирӣ Зулфия, директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои бачагони нобино ва сустбин дар шаҳри Ҳисор барои интихоб шудан ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии “Равшандилон” пешбарӣ карда шуд.

Ҳамин тариқ бо овоздиҳии ошкоро Қодирӣ Зулфия, директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои бачагони нобино ва сустбин дар шаҳри Ҳисор раиси ташкилоти ибтидоии “Равшандилон” интихоб карда шуд.

Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор умедворӣ намуд, ки бо интихоб гардидани Қодирӣ Зулфия ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Равшандилон” фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ боз ҳам беҳтару хубтар мегардад.