БУҲРОНИ ҶАҲОНӢ ВА НУСРАТИ ИҶЛОСИЯИ ХVI ШУРОИ ОЛӢ: СЕ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ
2022-11-17
Вақт баҳогузори воқеаҳост. Пас аз гузашти солҳо равшан мегардад,
ки ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсилаи пошхўриҳои низоми
кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ пасманзари як фазои муайяни
сиёсии олам ва як ҳолати мафкуравии башарӣ будааст. Ин фазои муташанниҷи сиёсӣ
мисли тўдаи фишурдаи абрҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, тайи даҳсолаҳо баъди
ҷанги ҷаҳонӣ дар партави муноқишаҳои мафкуравии ҷанги сарду муқовимати
фарҳангҳои миллӣ бо фарҳангҳои бегона шакл гирифта, тадриҷан зери таъсири
миллионҳо амалкардҳои ҷудогонаю қарорҳои дастаҷамъии инсонҳо ва иттиҳодҳои
сиёсиашон донистаю надониста ба умқҳо ва буъдҳои ҷудогонаи мафкураи мардумон ва
давлатҳо ба бунбастҳо гирифтор гаштанд.
Ин ҳолати фишорхўрии
гирдобии масоилу манфиатҳо дар тангноҳои сиёсию ҳуқуқӣ буҳронҳои иқтисодӣ ва
мафкуравиро ногузир намуда, сараввал ба нобоварию нигилизми ахлоқию ҳуқуқӣ ва
сипас ба бетартибию хархашаҳои сиёсӣ дар паҳнои иддае аз кишварҳо мусоидат
кард. Пасманзари дури он то ба имрўз дар муноқишаҳои даҳшатовари ҷанги
бародарони славянҳои шарқӣ (русҳою украинҳо) асаргузор гаштааст.
Оғози ин бетартибиҳо
бо ниятҳои неки тағйирпазирӣ ва бозсозӣ дар фазои давлати шуроҳо оғоз шуда буд. Ислоҳоти горбачевӣ
дар кишварҳои режими сотсиалистӣ тавассути арзишҳои наве чун «ошкорбаёнӣ»,
«бозсозӣ», «демократия» ва «озодиҳо» бунёди маънавии ғояи коммунистиро аз будаш
ба ларзиш овард. Мушкилӣ дар ин арзишҳо не, балки дар номутаносиб васл шудани
онҳо ба воқеияти мафкуравӣ ва давлатдории шўравӣ буд.
Ин ҳолати
номувозанатии арзишҳо бо воқеият ба ҷанги фарҳангҳо ва манфиатҳо созиш намуда,
қисмате аз ниҳодҳои мавҷудаи сиёсиро ба пошхўрию парокандашавӣ ва қисмати
дигарро ба муттаҳидӣ атрофи ғояҳои нав ҳидоят кард. Ҷаҳон бо арзишҳои нав дар
партави ғояҳои дигаргуна қомат афрохта, иттиҳодҳоро харобу давлатҳои ҷавонро ба
муттаҳидӣ водор сохт. Вазъият чунон хирадмандона тасниф шуда буд, ки равандҳои
мафкуравӣ, таърихӣ ва воқеияти иқтисодию иҷтимоӣ бо эҳсосҳои миллатгароию
мустақилиятхоҳӣ ҳамчун маҳаки дохилии фурўравии як иттиҳоди бузург дар ин
тангнои таърихӣ мувофиқат мекард. Ихтилофи усулҳои марказмеҳварӣ ва
марказгурезӣ дар заминаи ислоҳоти горбачевӣ, мавзун дар паҳнои давлати шуравӣ
аз ҷониби рақибони сиёсӣ дар мафкураи элитаи сиёсии давру замон ҷойгир карда
шуд.
Имрўз бо гузашти солҳо
ин табдилёбии оламро наметавон танҳо мансуби як ҷониб, ғолибони ғарбӣ дар шакли
мафкураи сармоядорӣ, заифии ғояи коммунистӣ ва ё раванди ҳодисоти ҷудогонаи таърихӣ дар дохили мафкураҳои миллӣ
донист. Баръакс, ҳама неруҳо ба тарзи худ ногузир раванди чархи таърихро ба
ҳамин тангнои таркишӣ мавзун бо мурури замон наздик кард. Албатта, дар ин миён
норасоию зиёдаравиҳои давлатаи шўроҳо дар баробари дастовардҳояш кам набуд.
Ҳодисае, ки кас дар солҳои 70-80 уми асри гузашта тасаввур намекард рўх дод.
Гузашта аз он, дар муносибат бо он режими оҳанини шўравӣ фурўравии ин кишвари
ҷаҳонӣ бамаротиб ором, мавзун ва ногузир рўх дод. Танҳо як ҳодисаи бузурги
ташаккулёбӣ такрор шуд. Молу мулке, ки замоне давлати шуроҳо аз мардуми доро
ғайриҳуқуқӣ гирифта буданд, пас аз 72 сол боз аз сари нав қисмате аз мардум
онро аз давлатҳои фурўрафти сотсиалистӣ бо ҳамон тарз бозпас гирифт. Пешгўии А.
Тойнби, муаррихи англис, амалӣ шуд.
Дар таърихшиносӣ
табиати раванди ҳодисот на ҳамеша дар рўзгори зуҳури онҳо васеъ ва ҳамаҷониба
дарк мешаванд. Барои дидгоҳи васеъ ва манзаравӣ гузашти муддати таърихӣ имкон
медодааст. Инак, бо мурури замон эҳсос мешавад, ки барҳамхўрии давлати шуроҳою
муттаҳидии миллати олмон, пошхўрии давлатҳои мураккаби Аврупои Шарқию
муттаҳидии давлатҳои Аврупои Ғарбӣ идомаи мантиқии як сиёсати ҷаҳонӣ будааст,
ки солҳо дар заминаи сиёсати нодурусти дуқутбаи ҷаҳонӣ ногузир ба ин тангнои
табдилёбӣ кашида шудаанд. Вале ин танҳо як тарафи дарки воқеият ва ҳамон
равандҳои марказшитобӣ ва марказгурезии сиёсӣ будааст. Зеро пасманзари ин
сиёсати фишурдашудаи мафкураи ҷаҳонӣ боз пайомадҳои дигари ғайричашмдорро низ
доштааст. Сиёсате, ки оқибатҳои мухталифро ба тақдири ояндаи халқу миллатҳо
инъом кард. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон (с. 1992-1997), ҳодисаҳои
хунини Намангони Ўзбекистон (с. 2005), бетартибиҳои оммавии Белоруссия (солҳои
2020-2021); Молдова (с. 2005; 2009; 2021;) инқилобҳои даврии бебарори
Қирғизистон (с. 2005; 2010; 2020), нооромиҳои хунину саршикастаи Қазоқистон (с.
2022), эҳёи ҷанги байни Озарбойҷону Арманистон атрофи Қарабоғи кўҳӣ (с.
2021-2022) боз дигар муноқишаҳои сарҳадию дохилии кишварҳои пасошўравӣ худ
силсилаи пасманзари он ҳодисот аст. Тағйирпазирии ҳудудӣ, тақсимшавию ҷангу
низоъҳои Аврупои Шарқӣ ҳамчун меросбарони дигари олами коммунистӣ саҳифаи
дигари идомаи он ҳодисот аст. Ҷанги русу украин ҳамчун нуктаи баланди бархурди
манфиатҳо ва идомаи ҳамон ҳодисоти солҳои навади асри гузашта оламро дар ҳолати
ногувор қарор дод.
Азбайнравии тазоди
мафкуравӣ ва тавлиди тазоди усулӣ ба зоҳирёбии манфиати кишварҳо таъсир
расонида, наққошони ояндаи авзои сиёсии инсониятро (меъморони ояндаи олами
ғолибро) ба мушкилиҳо рў ба рў кард.
Саргумии муҳандисони
сиёсии олам. Назарияи «интиҳои
таъриху одами ниҳоӣ» (Ф. Фукуяма) ба мушкилиҳои таърихие рў ба рў шуд, ки
нишона аз интиҳои таърих надошта, хабар аз ибтидои даврони нав менамуд. Андешаи
машҳуру дилфиреби ҷаҳони сармоядорӣ «муноқишаи тамаддунҳо» (А. Тойнби, С.
Хантингтон) бо мафкураи «гуфтугўи тамаддунҳо» (гуманистони олам) бархўрд,
консепсияи «тахтаи бузурги шоҳмоти ҷаҳонӣ» (З. Бжезинский) воситаи паҳнгардии
ғояҳои «инқилобҳои рангоранг» гашт. Назарияи қасосгирии таърихӣ бо муноқишаи
марзӣ ва ҷуғрофии (Р. Каплан) ба мисли устухон дар гулуи давлатҳои ҷавони миллӣ
монеа шуд. Таҳлили ҳолати «ҳомосапиенс» ва «ҳомо деус» (Ю.Н. Харари) хатти
таърихии рушди инсониятро аз зинаи худошиносӣ то худогардӣ кашида, тақдири
ояндаи инсониятро боз ҳам печидаю фишурдашуда муаррифӣ кард. Ҷойи умеду орзуи
тантанаи хираду адлро (Ф. Достоевский) дар мафкураи дастандаркорони сиёсӣ
дидгоҳи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама», «инсонҳо душмани якдигар» (Т. Гобс,
Каутский) гирифт. Шинохти таърих аз даричаи форматсионӣ (марксизм), дарки
инкишоф аз назари фавворавӣ (флуктуатсионӣ-назарияи П. Сорокин), биниши ҷомеаи
инсонҳо аз назари тамаддунӣ (А. Тойнби) бо асрору мушкилиҳои нав ба нав рў ба
рў шуд, ки назири онро ҷомеаи инсонӣ ёд надошт. Бартарӣ ва афзалият дар чунин
ҳолатҳои маъюскунандаю нигилистӣ ногузир андешаи қисмате аз мардумонро боз ба
домони андешаҳои теологию ғайриақлонӣ кашид. Ситораи саодатро, ки инсонҳо дар
ҳаёти шахсиашон ва паҳнои замин пайдо накарданд, онҳо такроран иҷборӣ ба
осмонҳо нигаристанд (А. Эйнштейн).
Ин ҳолати вазнини
мафкуравиро ба гумон аст, ки кўшишҳои
эҳёи ғояи муҳаббати Мавлонои
Балхӣ аз ҷониби Э. Фрому мактуби сохтае аз номи А. Эйнштейн ба духтараш Лизерл,
дар бораи неруи оламгири муҳаббати инсонҳо ба якдигар ҳамчун қонуни
фарохулбашари муҳаббат, ки болотар аз қонуни Нютону назарияи нисбияти Алберт
эътироф шудааст, наҷот бидиҳад. Чунин дарк мешавад, ки неруи аҳриманӣ ва
шайтонӣ дар корҳои сиёсати башарӣ нисбат ба неруи инсонию ақлонӣ бештар
муассиртар гаштаанд. Ин ҳама моҷарою бетартибиҳо дар ибтидои садаи ХХI моро
азият медиҳад. Аламовару риққатовараш он аст, ки ҳамааш натиҷаи дасти мо,
инсонҳост.
Ин ҳолат оламро дар
маҷмуъ ноором сохта дастоварду муваффақиятҳои инсониро дар самти сиёсат ва
ҳуқуқ зери шубҳа кашид. Муносибати сард ва нобоварона нисбат ба низому
тартиботи олами атроф ва заъфи низомҳои идора дар интиҳои асри ХХ ва ибтидои асри
ХХI ба ҳадде боло рафт, ки қисме ба идоракунии бевоситаи халқӣ (ин ҳолатро хеле
барвақтар яке аз қурбоншудагони ғарбӣ дар «Китоби сабзаш» гуфта буд) умед
баста, қисмати дигари тундрав ба шикастани унсурҳои мавҷудаи низоми олам ва
рамзҳои идораи кишварҳои бузург рў оварданд (М. Тетчер, Жириновский, Хумайнӣ ва
д.).
Э. Тоффлер,
иҷтимоъшинос ва футурологи амрикоӣ манбаъҳои маънавии рўх додани чунин вазъияти
тоқатфарсои башариро эҳсос карда, дар яке аз навиштаҳояш ба маврид гуфта буд:
«Конгреси Амрико, Палатаи ҷамоатчигӣ (община) ва лордҳои англисҳо, Бундестаги
олмониҳо, парлумони ҷопониҳо, конститутсияҳо ва низоми судии мавҷудаи оламро,
бинобар корношоям шуданашон дар шароитҳои наву талаботи ҷадид, шикаcта
партофтан лозим». Онҳо воқеан оламро думболи манфиат, ғараз ва ҳасуд ба
бунбасти бузурги таркишовар кашиданд. Ақлу хирад, умеду бовар, инсофу баробарӣ,
виҷдону имони мардумонро бо кибру ғурур, ҳирси моликият, манфиату ғараз ва
дониши олудаи сарвату аз ахлоқ озод заҳролуд карданд.
Э. Фром бошад, дар
пайравӣ бо З. Фрейд ва Ф. Нитсше (бемории фарҳанг) бемории ҷомеаро дар чунин
шароит эътироф карда, ҷиҳати барқарории саломатии он эҳёи Шурои панҷсадаи
Афинаи бостонро дар шакл ва рамузи ҷадид ироа медораду, Ю. Хабермас бо мақсади
расидан ба консессуси умум боваркунонии ҳамаро қабл аз қабули қарори дахлдори
дуруст, дар ҷомеаи озод, ҳамчун шакли нави иттиҳоди мавзуни ҳаққу манфиатҳо дар
шакли коммуникатсияи нав масъалагузорӣ менамояд. Аз ин ҳама кўшишҳо боз як
ҳақиқати талхи дигаре дар тақдири инсон ба мисли фарзияи Ф. Нитсше ва З. Фрейд
роҷеъ ба бемории фарҳангу ҷамъияту давлатҳо ба қавле собит гардид.
Яъне ҷамъияту давлатҳо
дар охири садаи ХХ ва ибтидои ХХI ба бемории вазнини навбатӣ гирифтор шудаанд.
Садоҳои ғайримуқаррарии наққошони олами нав худ гувоҳи он аст, ки буҳрони
сиёсии олам бениҳоят вазнин ва дардолуд аст. Ин беморӣ ба тарзи худ ҳам ба ҷомеаҳои
озоду ҳам ба давлатҳои рў ба рушд аз солҳои навадуми асри гузашта то ба имрўз
таъсири худро расонида истодааст.
Ин ҳама дар назари мо
асирони воқеии муаммоҳои имрўз чун қонунияти зиндагӣ ногузир ва муътадил
менамояд. Ҳар нафаре, ки аз рўзгори гузаштагон хуб огоҳӣ дорад, ба осонӣ пай
мебарад, ки таърих нисбат ба ин даврон, хеле баланд ва ҷиддӣ ҳарф хоҳад зад. Ин
давронест, ки бо ҳама мушкилиҳояш чунин муносибатро арзанда аст, зеро маҷмуи
ҳодисоту лапишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он то он дараҷа
тақдирсозу тағйирпазиранд, ки садоҳои он ба умқи садсолаҳои оянда, ба ҳайси як
даврони гардиши куллӣ бидуни мушкилӣ хоҳад расид. Ин даврон бо вуҷуди он, ки
бисёре аз равандҳои пошхўрию бархўрдҳо, ҳамроҳсозию муноқишаҳо, ҷангу
гуфтушунидхоро дорост, ба ҳар халқ ва ҳар кишваре чизе дода, аз ҳар миллат ва
халқ чизе баргирифта ва ё инъоме бахшидааст. Барои мо соҳибистиқлол шудан бузургтарин неъмате буд, дар ин даврони
ноорому буҳронӣ.
Касби
истиқлоли сиёсӣ. Миллати тоҷик дар ҳошияи давлати фурўрафтаи Шуравӣ имкон пайдо
намуд, ки дар сарҳади бархўрди режимҳои исломию дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи
манфиатҳои миллии таърихию замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии
бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида истиқлолияти худро эълон дорад. Истиқлолият
дар замоне эълон шуд, ки аллакай дар майдони бозсозию озодандешии горбачёвӣ
тафаккури гурўҳи муайяни одамон аз ҷониби гурўҳҳои хориҷӣ бо ғаразу ҳадафҳои
дур аз манфиати мардум заҳролуд шуда буданд.
Дигар ин ки мардуми
пасошуравӣ, ки чунин имкони фарохи давлатдорию фарҳангбарқароркуниро амалан
надида буданд, парахаҳо ва рукнҳои аслияти миллии худро аз қаъри таърих хеле
фарох дар заминаҳои эҳсосоти миллӣ на дар дарки илмии омўзиши мактаби
давлатдории ниёгон ҷустуҷў мекарданд, ки гоҳо на сарҳади фарҳанги миллиро,
ҳатто ҳудуди манфиатҳои муосири миллатро убур карда, тафаккури миллиро низ ба
заҳролудшавӣ гирифтор менамуданд. Озодии бидуни сарҳад ба ин чолишҳо мувофиқат
мекард. Ҳақ
ба ҷониби Макиавеллӣ буд, ки гуфтааст: «Барои мардуми ғайриозод, ки якбора
озодиро ба даст овардааст, хеле душвор аст, ки озод бимонад». Ҳамин тавр
шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолиятро дар тангнои замона фароҳам оварда,
ҳифзу ҳимояти онро ба сахтӣ, бо муборизаҳои хунин ва қурбониҳои беҳад рў ба рў
сохт.
Роҳбарият ва масъулони
давлат дар даврони эълони истиқлолияти давлатӣ аз имкониятҳои мавҷуда дуруст
истифода накарда, неъмати истиқлолият ва давлатдории миллати пуррешаи таърихиро
ҳифз карда натавонистанд. Масъалаи қудрати сиёсӣ мардумро ба гурўҳҳо ва ҷиноҳҳо
тақсим кард. Чунонки Ҷон Локк дар ин маврид менависад: «Бузургтарин масъала, ки
дар ҳама асрҳо инсониятро азият додааст… на зарурати мавҷудияти қудрат, балки
масъалаи ба кӣ тааллуқ доштани он будааст». Маҳз ҳамин масъала дар заминаи
нокомилию ноустувории қудрати сиёсии мавҷуда мардумро ноором намуда, ба
майдонҳо баровард.
Гурўҳҳои муайян зери
таъсири хоҷагони хориҷӣ ва манфиатҳои кишварҳои атроф мардуми ташнаи озодӣ ва
давлатдориро ба муноқишаи дохилӣ ва баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд.
Ба Тоҷикистон хунрезӣ, мотам, бераҳмӣ, ғоратгарӣ чун шабаҳи адў ворид гардида,
миллионҳо нафар беватану даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуда, ба иқтисодиёти давлат
беш аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарар ворид шуда, рушди ҳаёти иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба 40-50 сол ба қафо партофта шуд. Вазъият аз идора берун
рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ шуда, қудрат ба дасти яроқдорон
ва лашкариён гузашт, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашиданд.
Садои модари тоҷик ба само печида, муноқишаҳои бародаркуши Тоҷикистон вирди
забони васоити ахбори оммаи ҷаҳон гардид. Масъалаи ҳастӣ ва нестии давлатдории
тоҷикон дар рўзномаи таърих қатъӣ гузошта шуд.
Иҷлосияи ХVI оғози
гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ. Иҷлосияи таърихиву тақдирсози ХVI Шурои Олӣ дар пойтахти давлат не,
балки дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар
назди вакилони Шурои Олӣ масъалаи ба кӣ вогузор намудани масъулияти роҳбарии
давлат, яъне саволе гузошта буд, ки
наҷоти миллат аз интихоби ҷавоби дуруст ба он вобаста буд. Зери ин масъала
умеди халқ ва нигаронии вакилон дар ҳалли се қазияи печидаистода дар бунбаст
буд: якум шахсияти
қавииродаю ҷасуру нотарсу ватандўст бошад, ки зимоми идораро дар даст гирад;
дуюм муносибати дурусти вай нисбат ба ташкили ҳокимият ва самти идораи давлат
(зеро омили аслии ҷанг рў ба фарҳанги сиёсии ислом овардани гурўҳи мухолиф
буд); ва сеюм ин шахс тавонад сулҳу ваҳдатро таъмин созад ва роҳи ояндаи
давлатро ба самти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд муайян намояд.
Яъне, гуфтан мумкин
аст, ки се вазифаи таърихӣ назди Иҷлосия истода буд: дарёфти шахсияти арзанда, кашфи
роҳи наҷоти давлат ва ниҳоят ваҳдат ва таъмини истиқлолияти давлатӣ. Ҳамин
се вазифаи таърихӣ дар навбати худ стратегияи муайяни худро дошт, ки бояд он ба
умедвории халқ ва боварии вакилони онҳо аз бисёр ҷиҳат мувофиқ меомад.
Масъалаи якум,
интихоби шахсияти арзанда бояд сари нафаре меафтид, ки то ин вақт дар гирдоби
сиёсати калони давлатӣ олуда набуда аз камбуду норасоиҳои сиёсӣ орӣ бошад,
поквиҷдону ростқавлу умедворкунанда бошад. Дуюм масъалаи стратегӣ интихоби роҳи
ояндаи давлатдориро дуруст муайян намояд. Яъне машинаи давлатдориро ба кадом
самт ҳаракат медиҳад: ба сўи ғояҳои фавтидаи коммунистӣ бо умедворӣ аз
барқарории низоми шўравӣ; ба самти фарҳанги сиёсии исломӣ бо бартарии шакли
идораи шарқии клерикалӣ ва ё ба самти ҷомеаи рушдкардаи башарӣ дар шакли
давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд; ва ниҳоят муносибати худро ба ҷанги шаҳрвандӣ
ва ваҳдат чӣ гуна бояд арзёбӣ намояд? Ин саволҳо мушкилию умедвориҳои на танҳо
вакилон балки тамоми мардуми дар парешонӣ қарордоштаи кишвар буд, ки интизори
тағйирот ба оинаи нилгун менигаристанд.
Роҳбари нав ба
талаботи аввал мувофиқ омад, масъалаи дуюмро дуруст ба самти ҷомеаи башари
муқаррар кард ва дар самти охирӣ стратегияи барқарории давлатро комилан бо
тактикаи муайяни назарӣ ва амалӣ дар заминаи назарияи инкори қатъии ҷанги
шаҳрвандӣ, дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ ва оҷилан бунёди рукнҳои давлатдорӣ оғоз
намуда, боварӣ ва умеди вакилон ва мардумро давра ба давра ба кирдорҳои худ
афзун намуд.
Мерос одатан ба
меросхўре мегузарад, ки агар меросхўр сифати меросдиҳандаро дошта бошад,
мегўянд бузургон. Мо ки даъвои меросбарии тамаддуни ҳуқуқӣ ва давлатдории
миллати бостониро дорем, бояд сифати меросдиҳандаро дошта бошем. Миёни
фарзандони ин миллат чунин шахсиятҳо буданд танҳо зарур буд, ки онҳо кашф шаванд
ба онҳо имкон дода шавад.
Роҳбари нав воқеан
меросбари анъанаҳои неки гузаштагон гашт. Беҳтарин ва асоситарин сифатҳое, ки
форсҳо дар айёми нигаҳдошти бузургтарин салтанатҳои ҷаҳонӣ доштанд ва ҷиҳати
бозомўзии онҳо юнониёну румиҳо асрҳо ҷонбозиҳо кардаанд, дар қатори тарғиб ва омўзиши илм, тарбияи
одоб ва ахлоқ ба наврасон, такмили маънавӣ ва ҷисмонии кўдакон, ҳурмату
эҳтироми волидон, гиромидошти марзу буми ватан, адлпарастӣ, ватандўстӣ ва
садоқат ба кишвар, анъанаи адлпарварии роҳбарон, инсондўстии подшоҳон,
инсофварзии низоми идора, ҳамчунин эҳтиром, муҳаббат ва гиромидошти роҳбари
давлат низ аз ҷониби мардум будааст.
Муҳимтарин қонунмандии
ин нукта дар он буда, ки мардум шоҳи адлпарвар, инсондўст, инсофгаро, хоксор,
мардумӣ, нотарс, таҳаммулгаро дар ноҳамвориҳои зиндагӣ ва ҷонфидо барои
манфиатҳои умумии мардум дар шароитҳои вазнинро дўст медоштааст, ҳимоя
менамудааст ва гиромӣ медоштааст. Эмомалӣ Раҳмон бо чунин сифатҳо дар шароити
вазнини сиёсӣ ба майдони сиёсат омада воқеан марҳам ба ғами мардуму пурракунандаи
холигии умеди халқ гашт.
Ў дар ҳама даврони
барқарории давлат, ваҳдат ва ҳифзи соҳибистиқолӣ дар доираи имконҳои мавҷуда ин
сифатҳои роҳбари халқиро бонизом қадам ба қадам дуруст муаррифӣ кард ва ба ҳама
вазниниҳою имтиҳонҳои ҳаёти сиёсӣ тоқат кард. Бале, сабри сиёсӣ он солҳои
вазнин нақши муҳим бозид.
Миллати решабатаърихи
тоҷик бо вуҷуди мероси гаронбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиаш бо амри тақдир дар масири
таърих азиятҳои бемислеро кашидааст. Вале аз ин азиятҳои бемисли қарб ҳазор
солаи таърихӣ дарси ибрат нагирифта, боз бо ҷурму иллатҳои мухталиф дар саргаҳи
ин саодати сиёсӣ миллати тоҷик бо кашмакашҳои сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ
гирифтор шуд. Оташи фитна дар кўчаю шоҳроҳои давлати ҷавон аланга зада манзили
мардумро ба коми худ кашида, навҳаи модари тоҷикро ба само печонд. Оинаҳои
нилгуни олам аз оташи ҷанги шаҳрвандии кишвари мо хабарҳо пахш мекарданд... Он
рўзгор кам касе ба фардои ободи кишвар бовар дошт… яъсу навмедӣ мафкураи
мардумро фаро гирифта буду садои тиру тупи қумандонон тарсро дар кўчаҳо паҳн
мекард.
На суд, на прокурор ва
на милисаю амният, балки яроқбадастон қазияҳоро ҳал мекарданд. Ҳатто иддае аз
нафарони ин сохторҳо бо иллати бовару умедҳои сиёсиашон машваратчиёни гурўҳҳои
муқобили яроқбадастон буданд.
Ҷанги
шаҳрвандӣ на танҳо хизматчиёни сиёсӣ, мақомоти қудратӣ, ҳатто иддаи зиёиёни
нисбатан таҳаммулгароро (дуруст аст, ки зиёиёни сабукпо ва эҳсосотӣ дар ибтидо
ба осиёби муноқишаҳо об рехта дар барафрўхтани оташи ҷанг фаъол буданд) низ ба
сангарҳо моил карда буд. Ҷанг ва фарҳанги замони ҷанг тадриҷан қишрҳои
мухталифи ҷомеаро ба сангарҳо кашида буд. Вале бо мурури андак вақт ҳама
одамони заррае аз хиради инсонӣ хабар дошта, новобаста аз тобеияташон ба
гурўҳҳои мухолиф эҳсос карда буданд, ки ҷанг роҳи халосӣ ва наҷоти миллат нест
ва буда ҳам наметавонад. Барои ҳамаи ин гурўҳи ҳушаш ба сар зада Роҳбари
ваҳдатгарою созанда зарур буд. Роҳбари нав чунин шахс шуд.
Иҷлосияи
таърихии ХVI Шурои Олӣ бо ташаббуси мардони фидокору ғамхори миллат ҳамчун
охирин нуктаи умеди халқ дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват шуд. Ҳарчанд, ки
ҷумҳурии мо дар остонаи гузариш ба истиқлоли давлатӣ ба шакли идораи президентӣ
қонунан майл дошт, амалан вазъият дар дасти низоми идораи парлумонӣ қарор дошт.
Бояд
иқрор шуд, ки паҳнои парлумон то замони тағйирпазирии сохтору роҳбарияташ, яъне
то иҷлосияи таърихии ХVI бо муноқишаю хархашаҳои дохилиаш ба осиёби муноқишаҳои
сиёсӣ об рехта, лоиҳаи таҳмилии ҷанги шаҳрвандиро дар фазои сиёсӣ ногузир
гардонд. Парламентаризми идоранашавандаи аз гурўҳҳои мухталифи таҳти таъсири
қудратҳои хориҷӣ қарордошта, ваколату салоҳияти конститутсионии Президентро бо
ҳар роҳу восита маҳдуд карда, миллатро ба фоҷеаи бузурги миллӣ тела дод.
Парламентаризм
дар заминаи пасти худшиносии миллӣ, сатҳи нокифояи фарҳанги сиёсӣ, осебпазир
мондани фазои иқтисодӣ, нуфўз гирифтани як ҷузъи хотираи таърихӣ бо дастгирии
хориҷиён дар кори таҳияи дурусти мафкури миллӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ шуда, фазои
ҳуқуқии кишварро мутобиқ ба озу ниёзи кулли мардуми Тоҷикистон на танҳо таҳия
накард, балки бештар аз он бо тақсими нобаробари мафкураҳо ва андеша мусоидат
карда, даст ба табдили ҳокимияти иҷроия зери ҳадафҳои аз хориҷ таҳияшуда зад. Президент
таҳти фишор аз салоҳияти худ даст кашид ва падидаи
президентӣ соли 1992 буғӣ гашт. Бисёриҳо фикр карданд, ки ба мақсади нопоки худ ва хоҷагонашон расиданд, вале бехабар аз
он буданд, ки парлумон ҳанўз
неруҳои солими фикрӣ ва фарзандони асили миллатро доро
аст, ки бо таҳаммул ва хиради
баланди инсондўстӣ ба воқеот баҳогузорӣ намуда истодаанд.
Таърих аз хони худаш
боз ба миллати мо тараҳҳум
карда, дар шароити муайян ва тақдирсози
таърихӣ аз ҳайати парлумони кишвар
дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози ХVI Шурои Олӣ фарзанди фидокор ва сарсупурдаи
миллатро ба сари қудрати
сиёсӣ овард. Иҷлосияи таърихӣ он вақт барои миллати мо воқеан саҳифаи нави таърихро боз кард. Аҷиб он аст, ки дар он рўзгор қисмате аз вакилони
иштирокчӣ, имрўз аз сабтҳо намудор мешавад, ки воқеан ба он амалкардҳо ва таъйини роҳбарияти нав ҳамчун аёми гардиши
куллӣ муносибат менамоянд.
Гўё онҳо дар ҳамон лаҳзаҳо эҳсос карда буданд, ки чунин шахсро
пайдо карданд.
Ба вижа садоқату савганди таърихии Роҳбари нав назди вакилон мўйи бадани ҳар шунавандаро на танҳо он замон, балки бо гузашти солҳо ҳамчун нуктаи ибтидоии тағйирпазирии зиндагии мардум ба ҷунбиш меорад. Чи ҷойи пардапўшӣ, бояд иқрор низ шуд, ки он рўзгор миёни
вакилон низ нафарони дудила ва шубҳа
дошта кам набуданд. Ҳатто бинобар бо
ёдраси Роҳбари давлат он рўзҳо иддаашон аз мансабҳои давлатӣ даст кашида, ҳамроҳи
Роҳбари нав ба Душанбе омаданро қабул накардаанд. Шояд ин ҷо тарс аз ҷанг
бошад, на боварӣ ба Роҳбар, вале ба ҳар ҳол воқеият чунин буда. Аммо бо ҳамон
дудилагиашон ҳамаи вакилон умед ба оромию тинҷӣ доштанд ва маҳз ба ҳамин хотир қарори
дастаҷамъиро қабул карданд.
Воқеият бо гузашти солҳо собит сохт, ки онҳо дар маҷмўъ хато накарданд. Роҳи дурустро интихоб карданд
фарзанди асили миллатро дастгирӣ
намуданд ва номи худро ҳамроҳ
бо роҳбарашон
дар сафҳаи таърих ба ёдгор ҳамчун вакилони айёми
гардиши куллии давлатсозӣ
дар Тоҷикистон
барои наслҳои оянда боқӣ гузоштанд.
Таҳлили мунсифонаи раванди шаклгирии давлати муосири Тоҷикистон муайян менамояд, ки мобаъд
силсилаи ҳодисоти
сиёсӣ дар самти таҳияи ҳокимияти давлатӣ
дар шароити ноороми ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти
давлатӣ аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ, барқарор намудани иқтисодиёти миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дигар унсурҳои муҳимми ҳастии давлати миллии муосири мо бевосита ба амалкардҳои ҳамин фарзанди қаҳрамон
ва худододи миллат вобастагӣ
дорад.
Нахустин дастоварди
бузурги Иҷлосияи таърихӣ. Масъалаи 7-уми Иҷлосия интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
буд, ки бо қарори № 682 мувофиқи моддаи 109 Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии
Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
интихоб карда мешавад. Ҳамин қарори таърихии зери шумораи 286 ва таҳти рақами
682 қабулкардаи Шурои Олӣ, ки аз рақамҳои якхелаи бо тартиби гуногун ҷойгир
шуда иборат буд, ба хонадони мардуми тоҷик умед оварда, ба давлатдории ояндаи ў
нус- рату шаҳомати беназир бахшид.
Интихоб интихоби
таърихӣ ва тақдирсоз шуд. Воқеоти минбаъдаи кишвар бо имтиҳонҳои бузурги созандагию ободкорӣ шаҳодати дурустии онро бо имону виҷдону заҳматҳои шабонарўзии Пешво ва халқи шарифи Тоҷикистон баҳснопазир гардонд.
Таърих собит кард, ки
вакилон ин дафъа иштибоҳ накарданд.
Замона бо гузашти ҳодисот,
вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ исбот
сохт, ки интихоб саривақтӣ, таърихӣ ва дуруст буд. Гузашти солҳо ва корнамоиҳои роҳбар-Пешво муайян кард, ки маҳз ҳамин интихоб аз бузургтарин ва асоситарин
дастоварди Иҷлосияи таърихӣ буд, ки дигар музаффарияту
дастовардҳои давлати моро сабаб
шуда, ҳама арзишҳои неки давлатдориро атрофи худ
муттаҳид кард.
Ҳикмати
лотинӣ: «Ҳамон ҷанг одилона аст, ки вай ногузир аст, ҳамон яроқ муқаддас аст,
ки дар вай охирин ва ягона умед боқӣ мондааст» аз ҷанбаи наҷотоварии миллат ба
интихоби роҳбари вақти тоҷикон мувофиқ омад.
Тоҷикистон
31-юмин баҳори истиқлоли худро паси сар мекунад, корҳои зиёде дар фазои ҳуқуқӣ,
иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ таи ин муддат ба сомон расиданд.
Ҷанги
шаҳрвандӣ хотима ёфта ваҳдати саросарӣ таъмин гашт, конститутсияи халқӣ қабул
гардида, низоми ҳуқуқи кишвар таҳия шуд, нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон,
Озодӣ пайи ҳам бунёд гардида, зиёда аз 2400 км. роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ
дошта ба маблағи 24 миллиард сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, шимолу
марказ, марказу шарқи кишвар ба ҳам васл гашта, Тоҷикистон аз бунбасти
коммуникатсионӣ баромада, рў ба табдили воқеии кишвари транзитӣ намуд, майдони
боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шуда, масъалаи
истиқлолият ва амнияти озуқаворӣ таъмин шуд, неругоҳҳои барқӣ обии Сангтуда 1,
Сангтуда 2, Роғун пайи ҳам сохта шуда зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои
нав ба кор даромада, ҳаҷми истеҳсоли нерўи барқ аз 17 миллиард киловатт – ба 21
миллиард киловатт – расонида шуда, истиқлолияти энергетикии мамлакат
таъмин гашт.
Рушди
бонизоми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тайи чанд соли охир ба ҳисоби миёна дар сатҳи
то 7% нигоҳ дошта шуда, Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ
барқарор карда, узви фаъоли даҳҳо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ
гардид. Тоҷикон бо Пешвояшон дар ин тангнои таърихии 31 сола ҳаққи сиёсии худро
ба давлати соҳибистиқлол назаран ва амалан собит сохтанд. Албатта, ин кори осон
набуд. Паси ин ҳама созандагиҳо, бунёдкориҳо ва ободсозиҳо заҳмати шабонарўзии
фарзанди содиқ ва фарзонаи миллат Пешвои муаззами халқ Эмомалӣ Раҳмон ва боварӣ
ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон меистод, ки иншо ва инъикоси он кори як мақола
нест.
Таваҷҷуҳ
ба ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии
низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми
судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали низоми идораи давлат, ки тавонад халқро
аз балои омада халос намояд, аз дуюумин дастоварди бузурги иҷлосия буд, ки ба
дили халқи дар кўчаи сарсонӣ монда умед овард. Мардум аз бедавлатӣ ва садои тиру тупу фармони
худкомаи сарлашкарон ба дод омада буданд. Яъне идораи давлатро бунёд кардан
лозим буд, то ин ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида,
мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад. Ваҳдати миллӣ бидуни ин амалкард ғайриимкон буд. Иҷлосия аз рўзҳои аввал масъалаи мазкурро дар
иртибот бо оташбас ҳамроҳ гузошта буд.
Дар рўзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 масъала тасдиқ шуда буд. Масъалаҳои 1, 2, 14, 17 ва 19 ба қабул ва тағйиру илова ба санадҳои қонунгузорӣ
нигаронида шуда буд. Аз ҷумла, масъалаи 17-ум ба авфи тарафҳо бо мақсади оташбас пешбинӣ гаштааст.
Аз назари таҳлилгарони илми ҳуқуқ панҷ гурўҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олӣ қабул кард, ду гурўҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, гурўҳи сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гурўҳи чорум барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурўҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд.
Гурўҳи аввали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ташкили фаъолияти худи Шурои
Олӣ ва эҳёи фаъолияти қонунии он ва гурўҳи дуюм ба такмили низоми
идораи ҳокимияти давлатӣ, иҷроия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шуда буд. Дар ин
иҷлосия қарорҳои Шурои Олӣ доир ба ҳайати роҳбарию ташкилии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шурои Олӣ, изҳороти Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳайати нави Девони вазирон тасдиқ гардид. Қадамҳои нахустини мақомоти намояндагӣ бо Роҳбари ҷавон вобаста ба шароит дуруст
бардошта шуданд.
Дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ қабул шудани қонунҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи он буд, ки ташаккули давлати
мустақили Тоҷикистон баъд аз эълони Эъломияи соҳибихтиёрӣ аз 24 августи соли 1990 ва
Эъломияи истиқлоли давлатӣ аз 9 сентябри соли
1991 ҳанўз идома дошт.
Раванди мазкур на танҳо аз
назари қонунӣ ба итмом нарасида буд, балки
давлат то ҳанўз рамзҳо ва аломатҳои муҳими қонунии ифодакунандаи худро пайдо
накарда буд. Ин рамзҳо ва
ин аломатҳоро давлат таҳти Роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон касб кард.
Эмомалӣ Раҳмон баъдан дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992
вобаста ба вазъияти баамаломада иҷрои
чунин корҳоро дар мадди аввал
масъалагузорӣ менамояд:
«– ҳарчи зудтар дар тамоми гўшаю
канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем;
– дар маҳалҳо сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем…».
Масъалаҳое, ки Роҳбари ҷавони давлат 30 сол муқаддам дар ҳалли онҳо иқдом намуд, воқеан масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ буданд: «Таъсис додани
артиши миллӣ, пурзўр кардани дифои
сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое,
ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд». Дарвоқеъ, ҳамин Муроҷиатномаи
нахустини ў барномаи мушаххаси бунёди давлати комилан муосири миллӣ ва демократӣ буд, ки паси ҳар сатри он воқеаҳо, ҳодисаҳо,
пешравиҳо, масрафҳои моддию маънавӣ ва ислоҳоти азим истода буданд, ки барои
нахустшунавандаҳо орзую ормон буда,
имрўз барои мо воқеияти бебаҳс гаштаанд.
Муҳимтарин далелҳои бунёди низоми идора ва ҳокимияти давлатї, ки бо шарофати
Иљлосияи таърихї ва номи асосгузори давлати тољикон вобастагї дорад, дар чунин
нуктањо нуњуфтаанд:
– ў дар ҷойи холӣ ва низоми фалаҷёфтаи мақомоти давлатӣ мақомоти давлатиро таъсис дода,
низоми идораи кишварро роҳандозӣ намуд;
– маҳз таҳти роҳбарии ў низоми идораи давлат зина
ба зина ба ислоҳот фаро гирифта шуда,
ташкили идораи давлатӣ комилан
дигар шуд;
– низоми идораи имрўз
на танҳо аз замони шўравӣ, балки аз рўзҳое, ки ў ба сари қудрат омад ва дар ибтидо он
низомро ташкил кард, ба куллӣ фарқ мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки бунёдгузори давлати
миллӣ на танҳо бунёди давлатро гузошт, балки
онро дар масири истиқлолият
рушд дода, то сатҳи давлати
муосири ҷаҳонӣ расонид;
– ў дар баробари
низоми идора, фаъолияти қўшун,
сарҳад ва низоми амниятиро
таъсис дод;
– мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъсис дода, ҳимояи ҳуқуқи инсон, мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликиятро кафолат дод
ва таъмин кард;
– заминаи ҳуқуқии таҷзияи ҳокимиятро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия намуда, низоми мувозинаи ҳокимияти давлатиро ба манфиати
инсон роҳандозӣ кард.
Дигар аз дастовради
бузурги Иҷлосияи таърихӣ ин Ваҳдати миллӣ ва роҳ ба сўи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буд. Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар мақомот ва роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба
даст мегирад, муносибати касбӣ ва
шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост, гуфта буд, бонуи оҳанини Англия Маргарет Тетчер. Агар
ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат
бошад, ў албатта ба мақсад
мерасад, дар акси ҳол
не. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд.
Дар шароите, ки садою
нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, даъват ба
сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб
менамуд. Вале ин роҳи
ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳарду ҷониб зиёд буданд. Иҷлосияи ХVI бо роҳбари ҷавонаш ният ва иродаи қатъии худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо овардани
Парчами давлатӣ ба толори маҷлис ва бо сари зону нишастан назди
рамзи озодии миллат бо қасами
таърихӣ рисолати
таърихии худ эълон намуд.
Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи ХVI маҳз ба масъалаи ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо «Дар бораи гурезагон», «Дар
бораи Рўзи сулҳ ва ризоияти
миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри
соли 1992» бо вуҷуди он, ки баъдан ба
мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари
сиёсати роҳбарияти нави Шурои Олӣ буданд, ки аз рўзҳои аввал ба сулҳ ва ваҳдати мардуми кишвар бахшида шуда
буданд.
Роҳ ба сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дигар аз паҳлуи дастоварди бузурги Иҷлосияи таърихӣ маҳсуб мешуд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар он рўзҳои мудҳиш ба тақдири ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон таъсири чандҷониба дошт, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.
Маҳз ҳамин масъалаҳо санги таҳдоби муноқишаҳои сиёсии ҷанги шаҳрвандиро ташкил медоданд, вале
баъдан бо рехтани хун ва сангаргириҳои
тарафҳо ноаён зери пардаи
масъалаҳои ҳарбӣ қарор гирифтанд. Аммо
ин муваққатӣ буд, зеро дар шароити мусоид
ба миён омадани ин масъала ногузир буд. Масъалаи сулҳ бояд атрофи ҳамин қазия матраҳ мегашт. Барои кишварҳои аршади олам, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои атроф на муноқишаҳо, балки маҳз ҳамин масъала, яъне роҳи ояндаи давлатдории мо ҳанўз ҳам аз масъалаи аввалиндараҷа буд. Аз ин рў, давлатҳои атроф, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҳатто неруҳое, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро огоҳу ноогоҳ доман мезаданд, интизори
эълони роҳи интихобкардаи Роҳбари ҷавон буданд. Зеро аз ҳалли ин қазия ҳамкории мибаъадаи байналмилалӣ дар минтақа рўшан мегашт.
Интихоби роҳи дурусти таърихии рушди давлат ба
сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вазифаи навбатии тақдирсоз маҳсуб мешуд. Дуруст муайян намудани
ният ва ормони халқ дар
кори тарҳрезии шакли идора,
низоми сиёсӣ ва сохтори
давлатӣ, ки муносибати халқ бо мардуми ҷаҳон аз он мазмун мегирад, нуқтаи ибтидоии ин роҳ ба шумор мерафт. Нуқтаи ибтидоии ин роҳро низ Иҷлосияи таърихӣ бо дастпаравари ҷавонаш дуруст дарёб намуд.
Ҳанўз
аз рўзҳои аввали ба
сари қудрат омадан Роҳбари давлат ин ҳаққи табии халқро эҳтиром гузошта, таъкид намуд, ки
«халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад, нияти мо бунёди
давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст». Дар ин фикр чанд ҳикмат нуҳуфта. Аввал ин, ки Роҳбар ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷонибдорӣ кард. Сониян, ҳамчун роҳбари демократ иродаи шахсии худро
ба иродаи мардум пайваст. Солисан, хишти аввали бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавии сиёсӣ ба халқ тарҳрезӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт қадам ба қадам пеш рафт. Ў ҳанўз дар Муроҷиатномаи худ аз 12 декабри соли
1992 (ҳамагӣ пас аз 23 рўзи интихоб
шудан) дар қатори вазифаҳои аввалиндараҷаи давлати ҷавон масъалагузорӣ менамояд, ки «асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо
дарназардошти нормаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди
давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Ў бо ин амалаш, аввалин маротиба эътирофи низоми байналмилалии ҳуқуқро дар ташкили идораи давлат
таъкид намуда, ба ҷаҳониён фаҳмонд, ки роҳи мо роҳи таҷрибаи беҳтарин давлатҳои муосир буда, ҳама амалҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мо дар доираи
талаботи қонунҳои ҳуқуқӣ сурат хоҳанд гирифт. Бидуни шак, ҳамин ишора, аллакай, ба дили
мардуми Тоҷикистон ва давлатҳои ҷаҳон шўълаи умед афканд.
Баъдан 31-уми
декабри ҳамон сол дар изҳороти худ боз ба масъалаи роҳи ояндаи давлатдории тоҷикон гузашта, таъкид менамояд: «Мо
чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегўем, ки тарафдори сохтани давлати
демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули
пешакардаи мо мутобиқ ба
арзишҳои умумибашарӣ мебошад». Каме баъдтар дар
маҷлиси кормандони
комплекси агросаноатӣ қатъӣ ва бебозгашт будани роҳи интихобкардаи халқро таъкид менамояд: «Мақсади мо бунёди давлати демократии
дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем». Ин шоҳроҳи таърихӣ, ки имрўз давлати миллии мо
бомаром дар паҳнои он қадам мегузорад нуктаи ибтидоии
худро аз интихоби дурусти ҳамон
иҷлосияи таърихии ХVI
Шурои Олӣ оғоз менамояд. Ин бешубҳа дастоварди бузурги таърихӣ буд.
Сабақҳо ва дурнамо. Тавре дида мешавад
тайи солҳои сипаришудаи давраи
соҳибистиқлолӣ дарвоқеъ корҳои зиёди созандагию ободкорӣ ба сомон расидаанд. Вале оё
метавон, ки аз роҳи тайкарда хулоса
накард ва барои фардо андеша наронд? Албатта, не. Дар қатори таҳлилу баррасӣ ва ислоҳи камбуду норасоиҳо, кашфи номувофиқатию мушкилиҳо, ташхиси сатҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, таљриба собит менамояд, ки
наќши ќадршиносию шукргузории неъматҳо
дар рушди давлатдорӣ,
бузургдошти саҳнаҳои таърихӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва қаҳрамонони миллат воситаи муассири
рушд ва низоми давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо будааст.
Ин буд ки давлати
тозаистиқлоли мо ва роҳбари ҷавонамон дар ҳамон солҳои вазнин, дар ҷомеа анъанаи адлпарварӣ, инсофи сиёсӣ, таҳаммулу гузаришҳои инсонӣ, покдилии роҳбар, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтироми фарзандони донишманди
миллат берун аз доираи маҳал
бо баинобат гирифтани иродаи халқ, эҳтироми истедодҳо ва сифатҳои дигари шоистаро ташаккул дода
онҳоро дар ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ неру бахшида ва густариш
доданд. Моро зарур аст, ки имрўз ва оянда низ ин сифатҳоро дар партави давлати
муосир ва фардои тоҷикон дифоъ намуда рушд диҳем. Дуршавӣ аз ин шоҳроҳ латма ба
ваҳдату истиқлолияти сиёсист. Ин аст роҳи давлати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти
сиёсӣ.
Иҷлосия ба амлакардҳои
таърихӣ, Пешво бо заҳматҳои шахсӣ дар ин самт ба мо сабақи бузург додаанд,
онҳоро бояд гиромӣ дошта рушд диҳем.
Дар баробари ин мо
ҳамагон бояд донем: таҷрибаи
давлатдории давлатҳои
муосири миллӣ, ки таърихи аз 100 то
200 сола доранд, собит менамояд, ки нуктаи ибтидоӣ ва марказии рушди ин давлатҳо аз шинохту эҳтироми бунёдгузорони давлатҳо, эътирофи мақоми ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо ҳамчун падарону асосгузорон, аз эҳтирому қадршиносии санаҳои бузурги таърихӣ ва рўйдодҳои бузурги миллии эшон аст, ки
минбаъд муттаҳид намудани наслҳои ояндаи миллатро атрофи ғояҳои тарҳрезикардаашон таъмин менамояд.
Ва ниҳоят, сабақи таърихии кишварҳои бузургу салтанатҳои беш аз садсола шаҳодат бар он доранд, ки миллат ва
халқияте, ки рўйдодҳои таърихӣ ва санаҳои бузурги миллии худро бо
фарзандони қаҳрамонаш ҳамчун ҷузъи авомили муттаҳидии сиёсӣ пос медорад, қадр мекунад ва онҳоро барои наслҳои ояндааш ҳамчун мактаби бузурги меҳангароӣ таълим медиҳад ба хазинаи устувории истиқлолият ва бардавомии давлатдориаш
кафолат зам менамояд. Халқият
ва миллате, ки ба ин санаҳои
таърихӣ ва қаҳармонҳои миллиаш таваҷҷуҳ намекунад, диққат намедиҳад вай пояҳои сиёсии мафкураи миллию
худшиносро, ки дар ҳамон
рўйдодҳо, дар ташаккули
шахсияти Пешво бо воқеоти
таърихӣ устувор шудаанд
аз даст раҳо карда, ҳар лаҳза имкон дорад ба хатару таҳдидҳои замонавӣ истиқлоли сиёсиашро қурбон намояд.
Пас ёдоварӣ аз он рўзҳои мудҳиш ва ҷашнгирии он Иҷлосияи таърихӣ на ба хотири наҳ задани нафар ва ё гурўҳест, балки, мутмаинан, ба хотири
гиромидошти давлат, миллат ва саодати наслҳои ояндаи мост.
Абдуҷаббор
АЗИЗӢ,
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Абдураҳим
ХОЛИҚЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Директори Муассисаи
давлатии «Маркази исломшиносӣ»
дар назди Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Шаҳбоз ШОСАИДЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқ, ёрдамчии Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон