ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ДАР РӮЗИ ТАҶЛИЛИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ САФИ ҲИЗБИЁН АФЗУД

2022-11-17

Дар ташкилоти ибтидоии “Табиб”-и Маркази саломатии шаҳрии №1 бо иштироки Абдураҳим Шоҳиён раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Дилшодамо Юсупова Сартабиби МСШ №1, Гулхумор Амирова узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Табиб” маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонва Рӯзи Президент баргузор гардид.

Нахуст, Д.Юсупова суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин санаи таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд”.

Қайд гардид, ки кишвари мо танҳо соли 2000-ум ба марҳилаи рушд ворид шуд. Ислоҳоти дар тамоми соҳаҳо, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш идомаи мантиқии ибтикори ба сифати Роҳбари мамлакат амалинамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, иброз дошт, Д,Юсупова.

Дар идома А.Шоҳиён вобаста ба нақш, мақом ва таърихи баргузории Иҷлосияи тақдирсози миллат суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд умед дар баҳри ноумедиҳо буд. Дар Қасри Арбоб аз 230 депутат 197 нафар ҷамъ омаданд. Баъд аз 1000 сол дубора парчами давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар фазои асри ХХ1 ба ҷилва даромад. Давлати тозабунёди соҳибистиқлол, ки аз коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ, порашавӣ наҷот дод, захмҳояшро тадовӣ кард, камолот бахшид, шуҳрати ҷаҳонӣ дод, соҳиби дастовардҳо намуд”.

Мавсуф иброз дошт, ки «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. Дар ҳамаи давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд.

Инчунин, ба 18 нафар ҷавонони фаъол, ки ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо тантана тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон, дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи16-умиШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Шайнак ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуд. Ташкилоти ҳизбӣ дар доираи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ созмон дода шуд, 17 нафар шаҳрвандон ба сафи аъзои ҲХДТ қабул гардиданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Сардухтури МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе - Каримова Мунира, муовини Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон-Абдумуминзода Ситора иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳалаи Шайнак вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти Иҷлосияи16-уми Шӯрои Олӣ, “Маромномаи сокини пойтахт”, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат доир гардид.

Зикр гардид, ки маҳаллаҳои воридшуда ба ноҳияи Фирдавсӣ, ки зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрвандон ва ҳудуди якуним баробар зиёд аз ҳудуди пешинаи ноҳияи Фирдавсиро дар бар мегирад, зери таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дошта, тармиму таҷдид ва зина ба зина азнавсозии иншооти хизматрасонӣ ва беҳтар намудани ҳама гуна хизматрасониҳо барои шаҳрвандон пайваста аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулин таъкид мегардад. Дар ин росто, фаъолон ва сокинони маҳаларо зарур аст, ки дар татбиқи иқдомоти Роҳбарияти шаҳри Душанбе вобаста ба корҳои тозагию ободонӣ ва сабзкорию шинонидани дарахтони ороишию ҳамешасабз саҳмгузор бошанд. Дар фарҷом, ба нафарони ба сафи аъзои ҲХДТ қабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Хотирнишон менамоем, ки чунин вохӯриҳо дар дигар маҳалаҳои воридгардида ба ноҳияи Фирдавсӣ идома дода дорад.