Президенти ман - ифтихори ман
2022-11-17
Санаи 16 - уми ноябри
соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва нақша –
чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, бахшида ба 30 – солагии
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон аксияҳои таблиғотӣ, таҳти унвони “Президенти ман – ифтихори ман” ва
“Пешвои миллат – ифтихори миллат” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур
кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аъзои
намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаю хиёбонҳои
пойтахт ба сокинону меҳмонон, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, варақаҳои
таблиғотӣ ва муроҷиатномаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” –ро тақдим намуданд.
Мақсад аз баргузор
намудани Аксияи мазкур ин арҷ гузоштан ба заҳматҳои беназири Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ва муаррифии
Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ мебошад.