ТУЛӮИ ХУРШЕД

2022-11-17

Таҳти ҳамин унвон субҳи имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳошияи таҷлили ҷашни арзишманду муқаддас 30 - солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастии насли наврас ва ба ин васила огоҳӣ пайдо намудани онҳо аз нақши ин Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкиму тақвияти сулҳу суботи сартосарӣ, рушду нумуи тамоми бахшу соҳаҳои мамлакат ва аз раванди давлатсозиву давлатдорӣ, заҳмату талош ва корнамоиву қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт маҳфили сиёсӣ доир гардид.

Дар рафти ин маҳфили сиёсӣ масъулину кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, устодону омӯзгорон ва олимону коршиносон иштирок карда оид ба нақш Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз суханронӣ намуда, қайд карданд, ки имрӯз аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат аст, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, расо 30 сол сипарӣ мегардад.

30 сол муқаддам, яъне 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва вакилон бо як овоз сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаву дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлати навини тоҷикон интихоб карданд.

Маҳз бо саъю талош ва азму иродаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзҳои нек расидем, тамоми аркони фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ дубора эҳё гардида, ба ҷойи гиряи тифл хандаву нишоти ҷовидонаро армуғон оварданд, мардумро аз гуруснагию ҷавононро аз дур мондани таҳсил наҷот доданд ва ниҳоят Тоҷикистони азизу маҳбубро аз роҳи фаношавӣ ба шоҳроҳи пурифтихори созандагӣ раҳнамун сохтанд.

Дар як марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ, садҳо иншооти энергетикиву нақлиётӣ, яъне нерӯгоҳҳои бузурги барқиву обӣ, зеристгоҳҳо, роҳу пулҳо, нақбҳои замонавӣ, мактабу беморхона, марказҳои муосири тиббӣ ва ҳатто донишгоҳу донишкадаҳо дар манотиқи гуногуни кишвар бунёд ва мавриди истифодаи умум қарор дода шуд, иброз доштанд иштирочиёни маҳфили сиёсӣ.