Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ

2022-11-17

Алангаи оташи ҷанг аз хонаву биноҳо забона мезад, ашки талхи ҷонгудози кӯдакон дар фироқу падару модар саршор буд, оҳи сарди модарони фарзандро аздастдода ба фалак мепечид, миллат мисли кабутарҳои аз ҳамлаи рӯбоҳ тарсида парешон шуд, Ватан дар оғӯши ғам ҷавлон мезад. Мо худ шоҳиди ин лаҳзаҳои талху фалокатбор, ки ба сари милати тоҷику давлати Тоҷикистон омадааст, набудем. Мо он воқеаҳоро порча – порча мисли қиссаву афсонаҳои даҳшатнок аз даҳони бузургтаронамон шунидаем ва мисли филми тарсноке аз тариқи телевизион дидаем.

Мо насли хушбахтем, ки танҳо ва танҳо шоҳиди гулшукуфту озодиву ободии ин сарзамин ҳастем ва зери пару боли қаҳрамони худ, Пешвои муаззами миллат бузург мешавем. Ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ мисли офате ба ҷони мардуми тоҷик буд, ки давлати моро даҳсолаҳо ба ақиб партофт. Бешубҳа, дар ҳар давру замон ҷанг оқибатҳои фоҷиабореро дар худ дорад ва мардумро ба парокандагиву нооромӣ оварда мерасонад.

 Маҳз Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, қисмати имрӯзаи мардуми тоҷикро рақам зад ва хишти нахустини ояндаи некро гузошт. Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як воқеаи таърихӣ ва нусратбахше мебошад, ки умеди мурдаи мардуми тоҷикро дубора зинда кард. Дар натиҷаи ҷанги солҳои 1992 – 1993 садҳо ҳазор нафар сокинони кишвар хонаю кошонаи худро тарк намуданд ё дар дохиди мамлакат ҷойи зисти худро тағйир доданд ва ё ҷумҳуриро тарк карданд. Рақами дақиқи фирориёну беҷошудагон то ҳол маълум нест.

Сарраёсат оид ба гурезагони Вазорати меҳнати Ҷумҳуриии Тоҷикистон рақами гурезагони замони ҷангро ба 850 000 нафар тахмин мекунад. Баробари раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои зарурӣ ва меҳварии миллат таваҷҷӯҳ зоҳир карда, рӯзномаи ҷаласаро таъин намуданд. Дар баробари дигар масъалаҳои муҳиме, ки дар рӯзнома гузошта шуда буд, масъалаи ҳалталаби дигаре, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузоштанд, ин баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан буд. Муҳаққиқи тоҷик Рашидова У.М. дар асоси маълумоти СММ навиштааст, ки то 1 июли соли 1992 шумораи фирориён 83 000 нафарро ташкил медод ва 24 июл ин шумора алакай ба 133 000 нафар расидааст. Дар ибтидои соли 1993 ба таври расмӣ 1 млн нафар гуреза ба қайд гирифта шуда буд. Сарчашмаҳои дигар маълумот медиҳанд, ки дар солҳои даргириҳо беш 1,5 млн нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи зисти худро тарк намуда буданд. Гузашта аз ин тибқи маълумоти Вазорати меҳнат дар ин давра 35 723 хона  хароб гардида, аз ин миқдор 21 740 хона пурра вайрон карда шуда буд. Масъулияти обод кардану ба маҳалли зисти доимӣ баргардонидани беш аз 1 миллион фирорию муҳоҷири иҷборӣ, ин ҳам дар шароити вазнини иқтисодию иҷтимоӣ ва даргириҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои оппозитсионӣ ба дӯши Сарвари нисбатан ҷавони Тоҷикистон ( он замон ҳамагӣ 40 сол доштанд) Эмомалӣ Раҳмон афтод буд. Аммо ӯ ин масъулияти бузургро ба хотири наҷоти миллат, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида бо гарави ҷони худ, ҷавонмардона ба дӯш гирифт ва бо оғӯши боз ба сӯи ҳамватанони худ рафт.

Ин лаҳзаҳоро Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим бисёр зебо дар риштаи назм тасвир кардаанд:

Ба ҳиммат умри зеборо, ҳама сарфи Ватан кардӣ, Ваттан гуфтӣ зи ҷону гӯш бар ҳарфи Ватан кардӣ, Касонеро, ки дил ҳар ҷонибу рӯ ҳар тараф буданд Ба оғӯши Ватан хондиву ҳамтарфи Ватан кардӣ.

Дар рӯзҳои кори иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маълум буд, ки масъалаи муҳимтарин хатми ҷанг ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, баргардонидани гурезаҳо ба маҳалли зисташон маҳсуб меёбанд. Барои ин, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин раванд зарур буданд. Дар робита ба ин масъала моҳи июли соли 1992 Департамент оид ба гурезагон дар нади Вазорати меҳнат ташкил карда шуд ва вазифадор буд, то тамоми масъалаҳои кор бо гурезагонро ҳамоҳанг ва роҳбарӣ намояд. Ин Департамент соли 1993 ба Сарраёсати кор бо гурезаҳо ва муҳоҷирони дохилӣ табдил дода шуда буд. Таҳти роҳбарии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо”, фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи умумӣ”, “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд” қабул карда шудаанд. Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ғуруру устувории тоҷикона дар иҷлосия изҳор кард; “То он даме, ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам”. Воқеан, ин як шиори хушку холӣ ва ваъдаи популистӣ набуд. Ӯ тамоми ҳастиашро барои баргардонидани гурезаҳо, махсусан аз Афғонистони ҷангзада бахшида буд. Ҷасурона барои ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирон ба оғӯши хатар рафт ва тавонист, ки халқашро бо тантана ба хоки худ баргардонад.

Муҳимтар аз ҳама, ба боварии халқ сазовор гардид.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1993 барои интиқоли хонаводаҳои муҳоҷирони иҷбори ба маҳалли зисти доимиашон ва пардохти кӯмакпули ба онҳо 1,8 млрд рубл сарф намуда буд. Санаи 16 – уми январи соли 1994 Сарвари давлат бо Муроҷиатнома ба ҳамаи ҳамватанони бурун аз марзи Тоҷикистон баромад намуда, дар Муроҷиатнома қайд намуданд; “ Азизон, Тоҷикистони мову шумо аз балоҳо гузашт ва ҳарчанд талафоти дардовари ҷониву молӣ дод, якпорчагии сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти худро тавонист нигоҳ дорад. Имрӯз Тоҷикистони азиз, рӯ ба ободӣ ниҳодааст ва ба ҳар фарди бурӯмандаш, ки метавонад дар ободии ин куҳандиёр саҳм бигирад, бо чашми умед менигарад...Азизон, тоҷикон як Ватан доранд, вазифаи ҳамаи мост, ки онро азиз дорем ва ободаш кунем”. Имрӯз халқи тоҷик муттаҳид аст, Ватанашро ободмекунад, фарзандони содиқаш ба воя расиданд ва ҳама бо устуворӣ ба сӯи фардои неку беҳтар қадам мебардоранд. Ин ҳама гулгулшукуфоиҳо ва иттиҳоду якпорчагии Тоҷикистон ва ба Ватан баргаштану ғарибхок нашудани тоҷикон, самараи заҳмати рӯзу шабии Пешвои муаззами миллат аст. Ба ҳамин тартиб мо метавонем садҳо ҷонбозӣ ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллатро барои мардуми тоҷик мисол оварем. Пешвои муаззами миллат, барои мардуми тоҷик қаҳрамоне ҳастанд, ҷавониву ҳастии худро фидои ободӣ, озодӣ, зиндагии осоишта ва шоитаи мардумаш кардааст. Дар ин рӯзҳои басо таърихӣ, ки 30 сол муқаддам лоиҳаи Тоҷикистони имрӯза таҳррезӣ мешуд, мардуми тоҷик бо хушҳолӣ ва сарбаландӣ ба истиқболи рӯзи Президент ва 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсоз оғӯш боз кардааст ва фазои мутантан кишварро фаро гирифтааст.

Ҷовидон бод, Истиқлолият, озодӣ, сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами мо!

Шералиева Гулзода, аъзои фаъоли гурӯҳи

тарғиботии КИ ҲХДТ дар н. Айнӣ