РӮЗИ 16-УМИ НОЯБР ДАР ТАЪРИХИ МИЛЛАТ ТОҶИК-РӮЗИ ТАЪРИХИСТ

2022-11-16

Солҳои 1991-1992 аз хотири халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, зеро давлат ва сохторҳои идоравиву қудратии он фалаҷ гашта, қонун амал намекард, аксари минтақа дар дасти гурӯҳҳои мухолифи яроқнок монда, халқро азият дода, хонаву коргоҳҳоро месӯзонданд, амволи халқу давлатро талаву тороҷ мекарданд. Давлат бе соҳиб монда, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии бародаркуш кашида шуда буд. Дар ҳамон вазъият ба мардум танҳо қатъи хунрезӣ пойдории сулҳ, тинҷву оромии давлат лозим буд.

Бо талаби мухолифин Президенти онвақта Раҳмон Набиев ва вазирон истеъфо дода буданд. Барои таъсис додани давлат танҳо Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии аз ҷониби халқ интихобшуда – ягона сохтори расмии ҷумҳурӣ зарур буд. Дар мавриди интихоби ҷойи Иҷлосия баҳсҳо зиёд буданд. Аввал маслиҳат буд, ки дар пойтахт гузарад, кӯшиш ҳам шуд, вале дастаҳои мусаллаҳ имкони ҷамъ шудани вакилони Шӯрои Олиро намедоданд. Вакилони мардумиро ба асир ва ба ҷони онҳо хатар эъҷод мекарданд. Ягона ҷойи тинҷу имконпазир ва аз лиҳози бехатарию шароити мувофиқи корӣ Қасри Арбоб буд.

Аз ин рӯ хушбахтона, баргузории Иҷлосияи таърихии –тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб барои қаъти ҷанги шаҳрвандӣ, замина фароҳам овард ва дар пайи он ақлу хирад, алайҳи ҷанги ҷаҳолат ғолиб гашта, суботи комил ба даст омад. Муҳимтарин дастовардҳои Иҷлосия ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бисёр касон аз тарс вазифаҳоро ба ӯҳда гирифтан намехостанд ва бисёриҳо бар он назар буданд, ки ин ҳукумат як ҳафта, ва ё дераш 6 моҳ амал мекунанд. Имрӯзҳо шукрона аз он мекунем, ки Шӯрои Олӣ, он замон дар интихоби худ хато накард. Тоҷикистонро имрӯз нисбати дирӯзу солҳои пеш ободу озоду зебо, мардумашро дар амну осоиш мебинем. Дар ин кор саҳми Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле воло аст.

Таҷрибаи давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби сиёсиву иқтисодӣ, ҷасорату далерӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, шуҷоатмандиву қаҳрамониро мардуми тоҷик омӯхта дар зиндагӣ ҳамчун раҳнамо истифода бурда истодаанд.

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябр пешбинӣ шуд. Ҳамин тариқ лоиҳаи мазкур 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуд. 

Имрӯз, мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. 

Воқеан, ҳам хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст. 

Мо бояд дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ гомҳои фароху фаротар гузошта, аз гузаштаи худ ифтихор ва дар роҳи эҳёи он, рушду инкишофи Ватани азизамон кӯшишу талошҳо намоем.

Акбарзода Маъруф, Роҳбари намояндагии ТҶҶ

“Созандагони Ватан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров