ИҶЛОСИЯИ МОНДАГОР ВА РОҲБАРИ ОЯНДАСОЗ

2022-11-16

Яке аз марҳилаҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатории миллӣ ва соҳибихтиёри тоҷикон ба баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон рост меояд. Аз санаи 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия аз 236 нафар 193 нафар ширкат намуда, 23 масъалаи муҳиму зарурии ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Яке аз масъалаҳои ҷиддии раванди баргузории иҷлосия интихоби Раиси Шўрои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт. Ниҳоят, 19-уми ноябр аз ҷониби ҳайати вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шуданд. Вазъи минбаъдаи мамлакат бори дигар собит намуд, ки интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шўрои Олӣ дурустарин қарори ҳайати вакилони халқ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон гардиши куллие дар таърихи пуршебу фарози миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Дар Иҷлосия намояндагони халқи кишвар ба умеди раҳоӣ ёфтан аз парокандашавии давлат тақдири онро ба чеҳраи мондагори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд.

Раиси Шўрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳи наҷоти миллату давлати тоҷиконро дар ба ҳам омадани ин миллат ва ваҳдати миллӣ медиданд.

Роҳи 30-соли сипаринамудаи Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуд, ки ў ба боварии на танҳо намояндагони халқ, балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён сазовор гардид. Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки он ба ҳайси як давлати миллӣ арзишҳо ва манофеи миллиро аз ҳамаи дигар арзишҳову манфиатҳои фаромилӣ, ҳизбӣ, гурўҳӣ, динию мазҳабӣ воло дониста, дар ҷойи аввал гузошта, ҳамеша барои беҳбудӣ, пешрафт ва сарбаландии тоҷикону Тоҷикистон кўшиш ба харҷ додааст.

Омили асосии муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои мудиҳши ҷанги шаҳрвандӣ дар роҳи ба ҳам овардани миллат ва наҷоти давлати соҳибистиқлол аз байни халқ баромадан, дарди халқро эсос кардан ва ба халқ такя кардани ў мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фоҷиабортарин давроне аз таърихи муосири миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонист, халқи хешро аз коми оташи ҷанг бираҳонад ва давлатро аз вартаи нобудӣ берун кашад. Мардумӣ будани ин фарзанди фарзонаи миллат то имрўз собит мешавад.

Аз ҳама масъалаи муҳиме, ки бештар диққати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он лаҳзаи сарнавиштсоз ҷалб карда буд, баргардонидани  муҳоҷирони иҷбории ба Афонистон рафта буд. Аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин мамлакати ҷангзада Сарвари давлатро бештар нигарон карда буд. Аз ин рў, ў яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани сулҳу субот ва таҳкими боварии тарафайнро дар Тоҷикистон пеш аз ҳама дар баргардонидани муҳоҳоҷирон медид.

Бо ибтикори Сарвари давлат аркони муҳимми давлатӣ ба монандӣ сохторҳои қудратӣ, Конститутсия, артиши миллӣ ва рамзҳои давлатӣ ташкил ва қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо дар амал татибиқ шуду Истиқлоли давлатӣ аз зери хавфу хатар ва таҳдидҳои бемаҳал ҳифз карда шуд. Танҳо рамзҳои давлатӣ соҳибихтиёрии миллату давлати тоҷиконро муаррифӣ карду артиши миллӣ пояҳои истиқлолро ҳифз намуд. Конститутсия бошад, мавқеи ҳар шахсро дар ҷомеа ва дар назди давлат муайян карду рушду дурнамои давалатдории тоҷиконро мушаххас ва равашан намуд. Танҳо ҷуръати инсонӣ ва тасмими қавии ин фарзанди фарзонаи миллат, ки бори гарони бунёди давладории миллиро ба душ гирифт, худ қаҳрамонӣ ва корномаи беҳамто аст. Ў бе дудилагӣ, бо тасмими мардонагӣ ва шуҷоати фавқулода ба души худ масъулияти вазнину мураккаби хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, эъмори пояҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдории миллиро гирифт.

Ба туфайли Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки дар радифи дигар соҳаҳо ба пешрафти илму фарҳанг низ мусоидат намуданд. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа корҳои зиёд ва судманд анҷом дода шудаанд. Ин иқдомот пеш аз ҳама бо ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расидаанд.

Хидмати бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи сарабаланди Тоҷикистон ва таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик дар он аст, ки ин чеҳраи мондагори миллат ва сиёсатмадори дурандешу хирадманд дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории тоҷиконро аз парешонӣ ва парокандагӣ ҳифз кард.

Бурҳонзода Муслиҳиддин Тоҳирӣ,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

Дастгоҳи КИМ ҲХДТ