Қаламрави саодатро бозкушоӣ кард

2022-11-16

Асрҳо мегузаранд аммо шарофату моњияти Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машъалафрузи саҳифаҳои таърихи миллат боқӣ хоҳад монд зеро, ки ин санаи сарнавиштсоз моҳияти давлатсозӣ дошт ва ба ормонҳои ҳазорсолаи худ расид.

Таърих гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани истиқлоли худ устувору пойдор мемонанд. Яъне истиқлоли ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.

Миллати тамаддунофари тоҷик дар арсаи таърих марҳилаҳои сарнавиштсоз, пур печутоб ва шикасту бархостанҳоро пушти сар карда баъд аз ҳазорсолаҳои бедавлатӣ хушбахтона 31 сол мешавад, ки дубора соҳиби кишвардорӣ гардид. Нақши шахсиятҳои давлатсозу давлатмеҳвар дар эҳёи дубора ва соҳибӣ кардани давлатӣ миллӣ хеле муассир аст.

Дар марҳилаи нави давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҳёи давлати миллӣ нақш, мақом ва манзалати фарзанди халқ, фидокору матинирода, ростқавлу сарсупурда ва заҳматпешаву худогоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихӣ дорад, зеро саҳми беназири Пешвои миллат дар эҳё ва ташаккули дубораи давлатдорӣ ва давлатсозӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ, эҳёи расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба рукнҳои давлатдорӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ ва гузашта аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ ҳақиқати бебаҳс аст.

Ибораҳои таърихии ибрознамудаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад, ҷон медиҳам», « … кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард», ки аз умқи қалби бомуҳаббати як фарзанди огоҳ фаввора зада ба забон оварда шуд аз тифли гаҳвора то пири хирадро тавону қуввати тоза бахшид ва барои анҷом додани рисолати давлатсозӣ замина гузошт. Дар ин ибороти софу сода, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу мухаббат, бо имону эътиқод садо дод, як чаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама уқдаву мушкилот нуҳуфта буд. Гардиши айём, ки фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии муҳтарам Эмомалӣ Рахмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории ӯ мувозинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар меҳвари ҳама пирузиҳо ва пиндорҳои нек ба шумор меравад.

Ин гуна ниятҳои нек бо гузашти 30 соли таърихи навини давлатдории тоҷикон исботи худро ёфтааст, ки муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон дар қавлу нияти неки худ содиқ мебошанд. Халқи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонону наврасон ҳамеша заҳматҳои беназир, шабзиндадориҳо ба хотири эҳёи давлатдорӣ, талошҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, обрў ва манзалати бештар пайдо кардани Ватани азиз дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, ки аз рисолати азалии Пешвои муаззами миллат маншаъ гирифтааст, пос медоранд ва онро дар қалбашон ҳамеша бо муҳаббати ватандорӣ мепарваранд.

Сӣ сол аст, ки Тоҷикистон бо эътимоди кавӣ ба ояндаи дурахшони худ дар ҷодаи истиқлолияти давлатӣ дар ҳалқаи кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо сарбаландӣ, шарофатмандӣ ва шоистаги роҳ, мепаймояд. Таърихи босаодати кунунии тоҷиконро аз ҳар самте, ки ба он нигарем ва аз пойгоҳи ҳар масъалае, ки ба таҳкиқи он руҷўъ намоем, бо касби Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванд мегирад.

Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарнавишти миллати тоҷик марҳилаи тозаи таърихиро ифтитоҳ бахшид. Аввалин сухани муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлати Тоҷикистон «Ман ба Шумо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем» паёме рушан аз хираду заковати халқ буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш таҷассум ёфта буд. Зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурахши истеъдоди нодире буд, ки аз вуҷуди ин мардум ва ин марзу бум берун омад ва ҷумлаи фазилатҳояшро, ки қаблан ёд кардем, дар вусъати ҳадафҳои олии миллӣ ангезиш дод ва қудрати амал ато намуд. Бо ҳидояти хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба масъалаи арзишҳои аслии башарӣ ва бо ҳадафи демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари хеш асос гузошт.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Иҷлосияи ХVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шуданд.

Эълон шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба тамоми он қувваҳое, ки даъвои дигари идеологиро нисбат ба сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон пеш мегузоштанд, зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда буд. Дунявият ҳамчун иродаи мардум эътироф гардид ва бояд зикр кард, ки ҳамин омил яке аз сабабҳои асосии сар задании ихтилоф дар кишвар маҳсуб меёфт. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси ҳукумат, ки идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи ХVI қабулгардида мебошанд, ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, маҳз дар Иҷлосия дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон тасдиқи худро ёфтанд.

Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи ХVI инчунин дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни он ба миён омада буд. Пайдоиши ин идея худ як зарурияти таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад. Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони дилозурда ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро гузорад.

Имрӯз метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба миён овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Бо гузашти солҳо арзиши таърихии баргузор шудани Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди огоҳу хештаншиноси миллат арзишманду беназир боқӣ мемонад.

Ширинбекзода Садриддин Авазбек,

мудири шуъбаи таблиғот ва

ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ