Маҷлиси тантанавию сиёсӣ бахшида ба 30- юмин солгарди Иҷлосия XVI Шӯрои Олӣ ва гиромидошти Рӯзи Президент дар шаҳри Роғун

2022-11-16

Дар толори Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун маҷлиси тантанавӣ ва Конференсия илмию назариявӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосия тақдирсози миллатӣ тоҷик баргузор гардид.

Дар маҷлис намояндаи роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва гирандагони стипендия Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳр иштирок доштанд.

Бо назардошти ин рӯзи фархунда, рӯзи муҳими таърихии миллати тоҷик, "30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат" Раиси шаҳри Роғун, муҳтарам Саидзода Сунъатулло баромад намуда, ҳозиринро муборакбод намуд, сипас мӯҳтаво ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ да маҷлиси тибқи рӯзнома баромадкунандагон баромад намуда, фикру андешаи худро баён доштанд.

Бахшида ба ин рӯзи фархунда, " 30- солагии Иҷлосия Тақдирсоз" аз ҷониби Мақомоти Иҷроия ба як нафар соҳибкори фаъоли шаҳри Роғун унвони "Шаҳрванди Фахрии шаҳри Роғун" дода шуд. Ҳамзамон ба кормандони касбу кори гуногун, фаъолон бо сипосномаи Мақомоти иҷроия ва Агентии Тоҷикстандарт қадрдони карда шуданд.