ТАҶЛИЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АМОНАТ”

2022-11-16

Санаи 15-уми ноябри соли ҷорӣ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” чорабинии тантанавӣ бо иштироки Зарипова Низорамо собиқ ходими давлатӣ, собиқадори меҳнат, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Икромӣ Сироҷиддин Салом- раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои ҳизб доир гардид.

Дар оғоз Икромӣ С.С ҳозиринро ба ифтихори ҷашнҳои таърихию сарнавиштсоз таҳният намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас Зарипова Низорамо суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба қадри ин тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот бирасем ва дар раванди нигоҳдошти ин неъмати бебаҳо ҳамеша дар паҳлӯи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ бошем.

Дар идома Қурбонзода Убайдулло ба сухан баромада, қайд намуд, ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз, ҳамчун, сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохтори фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд. Мо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем ва барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаашон ҳамеша дар атрофи ин абарманди таърихӣ муттаҳид бошем.

Дар охир нафароне, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Инчунин якчанд аъзоёни фаъолӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.