РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

2022-11-15

Имрӯз тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ба истиқболи 30 –солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Пешвои миллат –ифтихори мо” баргузор гардид. 

Дар он раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Салоҳиддинов Парвиз, раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова Мутабар, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маҳаллаи К.Ҳакимов Юлдошева С. кормандони КИН, омӯзгорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи ноҳиявӣ иштирок доштанд.

Чорабиниро раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди маҳаллаи К.Ҳакимов Юлдошева Санобар ҳусни оғоз бахшид.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки роҳбари ҷавон, вале ҷасуру қавиирода, хирадманду дурандеш аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш дар хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯз талош варзида, баҳри ба даст овардани истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвари ҷангзада ҷон ба каф гирифта, кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Бо ақлу заковат, хираду дониш ва доноиву тавоноӣ тамоми қувваю ғайрати худро ба он равона намуданд, ки Ватанро аз вартаи ҷанги бародаркуш ва мамлакатро аз парокандашавӣ наҷот бахшанд, тавонистанд ҳар як фарди баору номуси кишварро ба атрофи худ ҷамъ оваранд, шикастаҳоро барқарор намоянд, ба ҷаҳониён онро шоиста муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин, доир ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи сиёсати созанда дар ҳама ҷабҳаҳо, татбиқи барномаҳои давлатӣ, раванди баромадан аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон андешаронӣ намуда, кулли мардуми ноҳияро ба ин санаи таърихии кишвар таҳният намуд.

Дар навбати худ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Салоҳиддинов Парвиз низ доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириву ғамхориҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон сухан кард.

Ҳамзамон, бахшида ба 30 –солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд нафар омӯзгорони фаъол ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи ноҳиявӣ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Пас аз қисми тантанавии чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-адабӣ аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” фарогири шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, Президент, саҳнаҳои ҷолибу рақсҳои дилошуб, гуфторҳо доир ба фаъолият ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия карда шуда, он ба чорабинӣ ҳусну таровати тозае зам намуд.