Машварати омӯзишӣ бо раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур

2022-11-15

Бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон дар толори маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат машварати омӯзишӣ бо раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ доир гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода меҳмононро ба бинои навбунёди ҳизб хайрамақдам гуфта, сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ва ифтитоҳи бинои ҳизбиро муждаи нек арзёбӣ намуда, ёдовар шуд, ки ин иқдоми наҷиб баҳри пешбурди фаъолият паёмадҳои нек ба бор меорад.

Дар суханронии худ муовини Раиси ҳизб Латифзода А. Қ.  ёдовар шуданд, ки фаъолияти касбӣ ва масъулият дар муносибат ба татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқӣ, касбӣ ва сиёсӣ мебошад.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИМ ҲХДТ Зоир Ҳабибзода дар мавзўи “Ташкилоти ибтидоӣ - асоси ҳизб дар ҳошияи Оинннома ва Барномаи ҳизб”, “Истифодаи дастурамали коргузорӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ”, “Тартиби омӯзишу санҷиш ва пешниҳоди парвандаҳои шахсии ҳизбиён” ва “Истифодаи дастурамал оид ба супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва расондани ёрии методӣ” бо иштирокчиёни машварат маслиҳатҳо доданд.

Дар машварат роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва Саидбек Мирзомуддинов низ иштирок ва дар масъалаи корбарӣ бо муҳоҷирони меҳнатие, ки аъзои ҲХДТ мебошанд, баромад карда, аз фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятӣ гузориш дод.

Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.

Зимни мубоҳиса иштирокчиён оид ба беҳтар намудани коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ тавсияву дастурҳои мушаххас гирифтанд.