Натиҷагири аз фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб давоми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022
2022-01-18
Санаи 18 – уми январи соли 2022 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он муовини Раиси
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, аъзои Кумитаи
иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони
сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолои ҳизб ва як қатор вакилони маҷлиси вакилони
халқи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок
карданд. Дар ҷаласа масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти
сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022,
тасдиқи нақша – чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21- уми декабри
соли 2021, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2022 ва масъалҳои ҷорӣ мавриди
баррасӣ қарор дода шуд.
Нахсут, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри
Душанбе оид ба ҷамъбасти натиљаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2021
гузориш дода, қайд кард, ки дар ин давра, бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб
дар пойтахт дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон, иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами
Эмомалӣ ва дастгирии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иншооти ҷашнӣ, майдони варзишию, бозии
кўдакон ва истироҳати калонсолонро дар ноҳияи Фирдавсӣ бо харҷи умумии 1
миллиону 70 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дод, ки туҳфаи арзандаи Раиси
муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи
Ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони сарбаланди пойтахт мебошад.
Ҳамзамон, ҳизбиёни пойтахт дар ин давра дар якҷоягӣ бо вакилони маљлиси вакилони
халқи шаҳриву ноҳиявӣ шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъиро доир намуданд, ки дар
онҳо 16337 ниҳоли ороишиву сояафкан шинонида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин
давраи соли гузашта 1118 адад зиёд мебошад. Мавсуф зикр дошт, ки дар ин давра,
аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт 11616 мулоқоту вохӯрӣ ва соати сиёсӣ оид ба
шарҳу тавзењи Паёми Пешвои миллат, қонунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ
гузаронида шуда, ба 3994 нафар аз оилаҳои ниёзманд кумакҳои ғизову хӯрокворӣ
расониданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 491 оила зиёд кумак расонида шудааст.
Ҳамзамон, ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иљроияи ҳизбии шаҳриву
ноҳиявии ҳизб 533 нафар сокини шаҳри Душанбе ба таври хаттиву шифоҳӣ муроҷиат
намуданд, ки аз ин талаботи 467 нафар шаҳрванд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” қонеъ гардонида
шуданд.Закри гардид, ки дар ин давра, бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми
бемории сироятии коронавирус ва фаро гирифтани сокинон ба ваксинаи зиддивирусии
COVID-19 аз ҳисоби масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт ва кормандони соҳаи
тандурустии пойтахт гурўҳҳои корӣ таъсис ёфта, 500 суҳбату вохўрӣ бо фарогирии
29322 сокинону меҳмонони пойтахт доир карда шуд.Дар доираи онҳо масъулин 18915
ниқоб, 13630 варақаи иттилоотӣ, 395 маводи антисептикӣ ва 400 дастпӯшро ба
сокинону меҳмонони пойтахт ба таври ройгон тақсим карданд.Дар ин марҳила,
ҷиҳати татбиқи сиёсати кор бо ҷавонон ва таҳкими оила 2179 мулоқоту вохўрӣ ва
маҳфили маърифативу иттилоотӣ доир карда шуд, ки дар муқоиса ба давраи соли
гузашта 163 чорабинӣ зиёд мебошад. Инчунин, миёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии
ҳизбии пойтахт озмуни “Кумитаи бењтарин”, “Ташкилоти бењтарин”, “Вакили
ташаббускор”, “Таблиғотчии беҳтарин”, “Корманди беҳтарин” ва “Хабарнигори
беҳтарин” дар ду давр ташкил карда шуд, ки ғолибони он диплому ҷойза ва
туҳфаҳои хотиравӣ қадронӣ гардонида шуданд. Дар рафти маҷлис муовини Раиси
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон оид ба дастоварду
комёбӣ ва камбудиву норасгиҳои сохторҳои ҳизбии пойтахт дар соли 2021 суханронӣ
намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвияти фаъолият дар назди кумитаву ташкилотҳои
ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас гузоштандДар рафти маҷлис, вобаста ба тасдиқи
нақша – чорабиниҳо оид ба омўзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21- уми декабри соли 2021
қарори дахлдор қабул гардид. Инчунин, як қатор фаъолони Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон бо сипосномаю ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.Дар фарҷом бо
назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои
дахлдор қабул гардид.