Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


МАЪЛУМОТНОМАИ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

 Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

  •  санаи таъсисёбӣ: 24 декабри соли 1994
  • сохтори КИ ҲХДТ дар  шаҳри Душанбе:
  • раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
  • муовини Раиси КИ ҲХДТ дар  шаҳри Душанбе    
  • муовини Раиси КИ ҲХДТ дар  шаҳри Душанбе
  • шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо
  • шуъбаи таблиғот ва иттилоот
  • шуъбаи умумӣ
  • шуъбаи занон
  • шуъбаи ҷавонон
  • шуъбаи молия- сармуҳосиб
  • нашрияи ҳизбии шаҳрии “Мароми пойтахт”
  • кумитаҳои иҷроия дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе  4 адад
  • ташкилотҳои ибтидоӣ – 97 адад
  • шумораи аъзои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  75282  нафар, занон – 36017   нафар, ҷавонон 
  • суроға: шаҳри Душанбе,  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Теҳрон 21
  • телефонҳо: 227-63 -57, 227-63-56
  • почтаи электронӣ: hhdt_dushanbe@mail.ru     

  

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

дар шаҳри Душанбе - Мирзозода Иброҳим Хормурод

22-уми июли соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2000 ба Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Ҳуқуқшинос равоншинос» хатм намудааст. Соли 2016 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 Донишгоҳи мазкурро ғоибона бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” хатм намудааст. Айни замон унвонҷӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2006  мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагон, мутахассис пешбари Шуъбаи тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2007 мутахассис пешбари Бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2012 сармутахассиси Шуъбаи сиёсати иҷтимоии Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2014 мудири Бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2017 муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017-2020 сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз 7 апрели соли 2020 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2018, 108 бо медали Хизмати шоиста ва бо қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2020, 0151 бо ифтихорномаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  -Қурбозода Убайдулло Маҳмадалӣ

20-уми сентябри соли 1986 дар ноҳияи фархор  дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2004 ба 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Солҳои 2019-2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Баъд аз хатми ин муассисаҳои олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, солҳои 2009-2011 Мутахассиси шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Фархор, солҳои 2011-2017 Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, солҳои 02.2017-09.2017Муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, солҳои 2017-2021 Муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, солҳои 2021-2022 Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Солҳои 2020-2025 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ шаҳри Душанбе мебошад.

Аз 19 июли соли 2022 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили сомонии шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ 

12 — уми марти соли 1995 даршаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Солҳои 2012-2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Солҳои 2013-2015 Муҳаррири идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи  якуми телевизиони Тоҷикистон,  солҳои 2015-2016 Муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ,   варзиш ва сайёҳии телевизиони Тоҷикистон,  солҳои 2017-2019 Сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2019-2020 Муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2020-2021 Муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои  тандурустӣ ҳафзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии телевизиони Тоҷикистон, солҳои 2021-2022 Мудири бахши кор бо занон ва духтарони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз июни соли 2022 то августи соли 2022 Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе.

Аз августи соли 2022 то инҷониб дар вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур кор ва фаъолият намуда истодааст.

Оиладор соҳиби 1 фарзанд

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино - Файзуллозода Заррина Файзулло 

21 феврали соли 1977 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 ба ҳайси ҳисобчии ширкати дузандагии «Гулистон»-и шаҳри Душанбе оғоз карда, баъдан солҳои 19952008 дар вазифаҳои муҳосиби корхонаи сохтмонии «Меъмор», муҳосиб–иқтисодчии ширкати хурди «Обод»-и шаҳри Душанбе иҷрои вазифа намудааст. Солҳои 20082009 дар вазифаҳои муҳосиб–иқтисодчии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, муҳосиби Корхонаи махсуси (Қазони) давлатии ҷумҳриявии «Тиллои тоҷик», муҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Гулистон» фаъолият намудааст. Солҳои 2012 2014 дар вазифаи мутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор намуда, баъдан соли 2014 мудири бахши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва аз соли 2016 то соли 2017 дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти кориашро давом додааст.

Ҳамзамон аз соли 2009 то имрӯз вазифаи Раиси Шӯрои маҳаллаи «Яккачинор»-и шаҳри Душанберо иҷро намуда истодааст.

Солҳои 2010–2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Аз моҳи феврали соли 2017 то имрӯз вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо бар уҳда дорад.

Аз соли 2009 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ҳамзамон, аз соли 2014 аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Соҳиби 2 фарзанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ -  Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло 

15-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1994 ба Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 1999 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси омӯзгор хатм намудааст. Соли 2020  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси “Идоракунии давалтӣ хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаҳои олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, солҳои 1991-1999 коргар дар хоҷагии Ленини ноҳияи Фархор, солҳои 2000-2005 сармуҳосиб дар коперативи истеҳсолии “Орзубек”, солҳои 2005-2008 омӯзгори фанни математика дар МТМУ 17-и ноҳияи Фархор,  солҳои 2008-2011 муовини директори  Корхонаи воҳиди ёрирасони “Ирфон”-и назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХД, солҳои 2012-2017 мудири бахши омор ва бақайдгирии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, солҳои 2017-2019 мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷаъмиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва солҳои 2019-2021 Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода адои вазифа намудааст.

Аз 10 феврали соли 2021 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Оиладор





Тамос гирифтан

Раками телефон: 227-63 -57, 227-63-56

Суроға: суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонї, кўчаи Теҳрон 21

Почтаи электрони: hhdt_dushanbe@mail.ru

Хабарҳои охирин