ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН
10-уми марти соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё
омадааст. Соли 1984 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси
иқтисодчӣ-ташкилотчӣ ба итмом расонидааст.
Бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатмкардаи
Акадамияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия мебошад.
Дар тўли фаъолияти кориаш дар вазифаҳои гуногун, аз
ҷумла, корманди хурди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, мудири
шуъбаи ташкилӣ, котиби дуюм ва якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Синои (Фрунзе)
шаҳри Душанбе, котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе, муовин-муовини
аввали раиси Шӯрои Марказии иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сиёсати кадрҳо, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД “Сайёҳ”-и Вазорати иқтисодиёт
ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри
соли 2015 ба вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида,
то моҳи декабри соли 2019 адои хизмат кардааст.
26-уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дорандаи ордени “Шараф” дараҷаи II мебошад. Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Рутбаи ҳарбиаш генерал – майор аст.