ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ
30 марти соли 1964 дар
шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ
тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи озоди
Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва Академияи хизмати давлатии назди
Президенти Федератсияи Руссияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва
менеҷер хатм намудааст.
Дар вазифаҳои терапевти
калони стансияи ветеринарии шаҳри Панҷакент, котиби якуми Кумитаи комсомолӣ — Раиси
Созмони ҷавонони шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини раиси
вилояти Суғд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи кор бо
занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2010-2015 –
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон.
Дорандаи ордени “Шараф
дараҷаи 1”, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медалҳои ҷашнии
“20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30–солагии
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
1
марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
интихоб шуд.
13-уми
декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба
ҳайси Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардида, то
инҷониб адои вазифа карда истодааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.