69. Воситаҳои пулӣ ва молу мулкиҲизб аз ҳисоби ҳаққи узвият, маблағ аз буҷети давлатӣ тибқи меъёри муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», пардохти ихтиёрии шахсони алоҳида ва ташкилотҳо, даромад аз фаъолияти истеҳсолӣ, нашриётӣ ва дигар чорабиниҳо, ки қонун манъ намекунад, иборат аст.
70.Ҳангоми хориҷ шудан аз Ҳизб пардохтҳои ихтиёрӣ баргардонида намешаванд.
71. Фаъолияти молиявии Ҳизб ва сохторҳои он тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», оинномаи мазкур ва низомномаи пешбурди фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ амалӣ карда мешавад ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳудуди ваколати онҳо амалӣ гардонида мешавад.
БОБИ 8. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБ
72.Азнавташкилдиҳии фаъолияти Ҳизб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Анҷумани Ҳизб, ки он бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул гардидааст, ба амал бароварда мешавад.
73. Фаъолияти Ҳизб бо қарори Анҷуман, ки он бо овоздиҳии на камтар аз се ду ҳиссаи вакилон қабул гардидааст ё дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, қатъ мегардад.